Сохтори ташкилотӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон
Мутобиқи моддаҳои 6, 15 ва 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон", моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади таъмини фаъолияти самараноки субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон ва ташкили ҳамкории онҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
- Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон таъсис дода шавад (замимаи 1).
- Низомномаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон тасдиқ карда шавад (замимаи 2).
- Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
- аз 4 январи соли 2005, № 5 "Дар бораи Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон";
- аз 2 апрели соли 2005, № 123 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 8 июли соли 2017 № 340
ш.Душанбе
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "8 " июли соли 2017, № 340
Ҳайати Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон
Сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Комиссияи байниидоравӣ
Муовини сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - котиби масъули Комиссияи байниидоравӣ
Аъзои Комиссияи байниидоравӣ:
- муовини сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини сардори раёсати кафолатҳои ҳуқуқӣ инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини якуми директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуљли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон;
- муовини раиси вилояти Хатлон;
- муовини раиси вилояти Суљд;
- муовини раиси шаҳри Душанбе;
- муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.