
Маркази муқовимат ба савдои одамон дар назди ВКДи ҶТ

Тренингҳо 17-18 ва 24-25 ноябри соли 2022
16 Май 2023, СешанбеСозмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) - Оҷонсии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳоҷират дар Тоҷикистон рӯзҳои 17-18 ва 24-25 ноябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Талаботи гузоришдиҳӣ доир ба муқовимат бо савдои одамон: ӯҳдадориҳои гузоришдиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хатарҳои паст кардани дараҷабандӣ » тренингҳои дурӯза ташкил намуд. Омӯзишҳо аз ҷониби шуъбаи мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии (INL) Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби лоиҳаи СБМ «Тоҷикистон: такмилдиҳии таъқиби ҷиноятӣ барои савдои одамон ва дастгирии қурбониёни он» маблағгузорӣ шудааст. Дар тренингҳо 39 нафар намояндагони сохторҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд ширкат варзиданд. Мақсади асосии тренингҳо баланд бардоштани сатҳи дониши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба стандартҳои ҳисоботдиҳӣ, ӯҳдадориҳои байналмилалӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ оид ба муқовимат бо савдои одамон ва дастгирии қурбониён буд.
Илова кунед

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон