Тренингҳо 20-21 ва 27-28 октябри 2022

16 Май 2023, Сешанбе

Рӯзҳои 20-21 ва 27-28 октябри соли 2022 аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират – Оҷонсии СММ оид ба муҳоҷират дар шаҳри Душанбе тренингҳои дурӯза дар мавзӯи “Муқовимат бо савдои одамон. Талабот оид ба беҳтар намудани ҳисоботдиҳӣ доир ба муқовимат бо савдои одамон” баргузор гардид. Дар тренингҳо дар доираи лоиҳаи СБМ «Тоҷикистон: такмилдиҳии таъқиби ҷиноятӣ барои савдои одамон ва дастгирии қурбониёни он», ки аз ҷониби шуъбаи мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии (INL) Сафорати ИМА дар Тоҷикистон   маблағгузорӣ мешавад, дар маҷмӯъ 39 нафар аз сохторҳои гуногуни давлатӣ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд иштирок намуданд. Мақсад аз баргузории тренингҳо омӯзонидани намояндагони сохторҳои давлатӣ оид ба масъалаҳои муқовимат бо савдои одамон, механизмҳои гузоришдиҳӣ, талабот, масъулият ва дастгирии қурбониён буд.

Илова кунед