
Маркази муқовимат ба савдои одамон дар назди ВКДи ҶТ

Тренингҳо 22-23 ва 29-30 сентябри соли 2022
15 Май 2023, ДушанбеРӯзҳои 22-23 ва 29-30 сентябри соли 2022 СБМ Тоҷикистон тренингҳои дурӯзаро дар мавзӯи «Талаботи гузоришдиҳӣ доир ба муқовимат бо савдои одамон: ӯҳдадориҳои гузоришдиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хатарҳои паст кардани дараҷабандӣ» ташкил намуд. Ин тренингҳо дар доираи чорабиниҳои баланд бардоштани иқтидори лоиҳае «Тоҷикистон: такмилдиҳии таъқиби ҷиноятӣ барои савдои одамон ва дастгирии қурбониёни он», ки аз ҷониби шуъбаи мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии (INL) Сафорати ИМА дар Тоҷикистон барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маблағгузорӣ шудааст, сурат гирифт. Дар рафти тренингҳо дониши 37 нафар кормандони мақомоти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба стандартҳои байналмилалии муқовимат бо савдои одамон, стандартҳо ва ӯҳдадориҳои ҳисоботдиҳӣ, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва дастгирии қурбониёни савдои одамон васеъ карда шуд.
Илова кунед

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон