
Маркази муқовимат ба савдои одамон дар назди ВКДи ҶТ

Тренинг 18-19 ва 25-26 августи 2022
13 Май 2023, ШанбеРӯзҳои 18-19 ва 25-26 августи соли 2022 СБМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тренингҳои дурӯза дар мавзӯи «Ҷанбаҳои ҳуқуқии мубориза муқовимат бо савдои одамон. Амалияи тафтишотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳимоя намудани ҳуқуқҳои қурбониёни савдои одамон» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Омӯзишҳо барои сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ – фаъолони асосии муқовимат бо савдои одамон дар доираи лоиҳаи СБМ «Тоҷикистон: такмилдиҳии таъқиби ҷиноятӣ барои савдои одамон ва дастгирии қурбониёни он», ки аз ҷониби шуъбаи мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии (INL) Сафорати ИМА дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, гузаронида шуданд. Дар ин тренингҳо дар маҷмӯъ 40 нафар аз воҳидҳои гуногуни оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Мақсади асосии тренингҳо омӯзиши иштирокчиён оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқии савдои одамон, ҳифзи қурбониёни савдои одамон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ дар соҳаи муқовимат бо савдои одамон, додани мақоми ҳуқуқӣ ба қурбониёни савдои одамон ва тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» мебошад.
Илова кунед

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон