
Маркази муқовимат ба савдои одамон дар назди ВКДи ҶТ

Тренинг 26-27 майи соли 2022
12 Май 2023, Ҷумъа26-27 майи соли 2022 дар Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» Созмони Байналмилалии Муҳоҷират – Оҷонсии СММ оид ба муҳоҷират дар доираи лоиҳаи «Тоҷикистон: такмилдиҳии таъқиби ҷиноятӣ барои савдои одамон ва дастгирии қурбониёни он» семинар-тренинги дурӯза дар мавзӯи «Ҷанбаҳои ҳуқуқии мубориза муқовимат бо савдои одамон. Амалияи тафтишотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳимоя намудани ҳуқуқҳои қурбониёни савдои одамон» бо иштирокии кормандони мақомоти тафтишоти пешакӣ ва кормандони фаврӣ-ҷустуҷӯии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуд. Дар рафти тренинг ба 20 нафар иштирокчиён аз Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ ва Хадамоти гумрук оид ба ҷанбаҳои асосии ҳуқуқии муқовимат бо савдои одамон, таъқиби ҷиноӣ оид ба савдои одамон ва дастгирии ҷабрдидагон омӯзонида шуданд.
Илова кунед

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон