Тренинг 19-20 майи соли 2022

12 Май 2023, Ҷумъа

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират – Оҷонсии СММ оид ба муҳоҷират дар мавзӯи «Ҷанбаҳои ҳуқуқии мубориза муқовимат бо савдои одамон. Амалияи тафтишотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳимоя намудани ҳуқуқҳои қурбониёни савдои одамон» тренинги дурӯза ташкил намуд. Ин тренинг яке аз силсилаи тренингҳо буд, ки аз ҷониби СБМ дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Тоҷикистон: такмилдиҳии таъқиби ҷиноятӣ барои савдои одамон ва дастгирии қурбониёни он» ташкил карда шуд. Дар рафти тренинг ба 19 нафар намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Хадамоти гумрук ва нозирони меҳнат оид ба ҷанбаҳои асосии ҳуқуқии муқовимат бо савдои одамон, таъқиби ҷиноӣ оид ба савдои одамон ва дастгирии ҷабрдидагон омӯзонида шуданд.

Илова кунед