Омӯзиши Тренерҳо (TOT) 14-18 марти 2022

12 Май 2023, Ҷумъа

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат бо савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии молиявии шуъбаи мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии (INL) Сафорати ИМА дар Тоҷикистон омӯзиши тренерон (ТОТ) «Курси тренерон (ТОТ) оид ба таҷрибаи пешқадам дар самтҳои муқовимат бо савдои одамон, фаҳмидани ҷинояти савдои одамон, ниёзҳои қурбониёни ва малакаҳои гузаронидани тафтишот, ки ба манфиати қурбониён нигаронида шудааст», аз 14 март то 18 марти соли 2022 дар Душанбе ташкил намуд. Мақсади асосии ТОТ омода намудани тренерон барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҳолатҳои савдои одамон ва ҳифзи қурбониёни савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар ТОТ тренерони муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Агентии назорати маводи нашъаовар, Маркази миллии таълимии муқовимат бо савдои одамон назди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Хадамоти гумрук ва Суди Олӣ.

Илова кунед