Тренинги 2-3 июни соли 2022

10 Май 2023, Чоршанбе

Рӯзҳои 2-3 июни соли 2022 аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират – Оҷонсии СММ оид ба муҳоҷират дар доираи лоиҳаи «Тоҷикистон: такмилдиҳии таъқиби ҷиноятӣ барои савдои одамон ва дастгирии қурбониёни он», ки аз ҷониби шуъбаи мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии (INL) Сафорати ИМА дар Тоҷикистон мешавад, баргузор шуд. Дар тренинг 30 нафар иштирокчиён аз мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла Вазорати рушди иқтисод, Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, Вазорати адлия, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон, факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва Иттифоқи ҳуқуқшиносон иштирок намуданд ва дониши худро дар самти қонунгузорӣ ва чораҳои муқовимат бо савдои одамон, дастгирии ҷабрдидагон, механизмҳои бозравонии миллӣ, савдои кӯдакон ва ӯҳдадориҳои гузоришдиҳӣ аз худ намуданд.

Илова кунед