Мизи мудаввари якрӯза оид ба таҳияи Нақшаи миллии амал оид ба муқовимат ба хариду фурӯши одамон (МХФО)

03 Декабр 2021, Ҷумъа

24 ноябри соли 2021 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон мизи мудаввари якрӯза оид ба таҳияи Нақшаи миллии амал оид ба муқовимат ба хариду фурӯши одамон (МХФО) баргузор намуд.
 
Дар чорабинӣ ҳудуди 30 нафар иштирокчиёни Комиссияи байниидоравӣ оид ба МХФО ва Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Нақшаи миллии чорабиниҳо, инчунин намояндагони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеаи баналмиллалӣ ширкат доштанд.
 
 
Чорабинӣ ба муаррифӣ ва муҳокимаи лоиҳаи Нақшаи нави бисёрсолаи миллии амал оид ба МХФО барои солҳои 2022-2024 бахшида шуд. Мизи мудаввар ба таҳкими ҳамкории байниидоравӣ ва байнисоҳавӣ дар таҳияи ҳуҷҷатҳои муҳими марбут ба татбиқи сиёсати зидди хариду фурӯши одамон дар кишвар мусоидат намуд. Қабл аз баргузории мизи мудаввар Дафтари барномаҳо ба таҳиягарони Нақшаи миллии чорабиниҳо рӯйхати пешакии тавсияҳоеро, ки дар ҷараёни Платформаҳои муколама оид ба МХФО-и дар солҳои 2020-2021 бо иштироки аъзои Комиссияи байниидоравӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ баргузорнамудаи Дафтари барномаҳо ҷамъоварӣ шудаанд, дастрас намуд.
 
Иштирокчиён оид ба номгӯи тахминии чорабиниҳои МХФО, ки дар лоиҳаи Нақшаи миллии чорабиниҳо пешниҳод шудаанд, муҳокима ва мубодилаи афкор намуданд ва пешниҳод намуданд, ки Нақша бо нуктаҳои амалии иловагии марбут ба МХФО ва дастгирии ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон пурра карда шавад.
 

Илова кунед