Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо хариду фурӯши одамон.

30 Июл 2021, Ҷумъа

Дафтари байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии (INL) Сафорати ИМА, мизи мудаввари “Садои қурбониён роҳнамоянд”-ро, ки ба “Рӯзи байналмилалии мубориза бо савдои одамон” бахшида шудааст, дастгирӣ кард. Роҳбари дафтари INL Сита Фаррелл дар суханрониаш дар мизи мудаввар қайд кард, ки бисёре аз қурбониёни савдои одамон дар кӯшиши ба даст овардани кӯмак ба ҷаҳолат ё нофаҳмиҳо дучор шуданд. Баъзеҳо ҳангоми мусоҳибаҳои мушаххас ва мурофиаи судӣ, таҷдиди назар ё ҷазо барои ҷиноятҳое, ки қочоқбарони онҳо онҳоро маҷбур кардаанд, ба осеби равонии пас аз наҷот ру ба ру шуданд. Дигарон ба доғдоршавӣ дучор гардиданд ё ба қадри кофӣ дастгирӣ наёфтанд. 



Матни пурра: https://bit.ly/2V3rYS6

Илова кунед