
Маркази муқовимат ба савдои одамон дар назди ВКДи ҶТ

Силсилаи панҷ курсҳои омӯзишии дурӯза
23 Июл 2021, ҶумъаАз 8 то 23 июл Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе силсилаи панҷ омӯзишҳои дурӯза оид ба гузаронидани тафтишоти самарабахши молиявии парвандаҳои марбути хариду фурӯши одамон (ХФО)-ро доир намуд. Омӯзиши аввал дар Душанбе ва чор омӯзиши дигар дар шаҳрҳои Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб ва Гулистон пас аз он баргузор шуданд. Дар ин курсҳо ҳудуди 63 намоянда аз Хадамоти гумруки Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар ва Прокуратураи генералӣ, ки дар тафтишот ва таъқиботи ҷиноятҳои ХФО иштирок мекунанд, ширкат варзиданд.
Курсҳо ба масъалаҳои марбут ба ошкорсозии самарабахши воситаҳои молиявӣ ва дороиҳое, ки қочоқчиён барои содир кардани ҷиноят истифода мебаранд, диққати махсус доданд. Иштирокчиёни курсҳои таълимӣ бо таҷрибаи пешқадами ҷамъоварии далелҳо оид ба муайян намудани фоидаҳои ғайриқонунии аз истисмори ҷабрдидагони ХФО ба даст овардаи қочоқчиён, мусодираи амволи ҷинояткорон барои қонеъ гардонидани талаботи минбаъдаи ҷуброни ҷабрдидагон, ёрии ҳуқуқии мутақобила ва ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи гузаронидани тафтишоти муштараки молиявӣ шинос шуданд.
Илова кунед

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон