
Маркази муқовимат ба савдои одамон дар назди ВКДи ҶТ

Mуколама оид ба муқовимат бо савдои одамон (Душанбе, 5 апрел 2021)
05 Апрел 2021, Душанбе5 апрел, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо камоли қаноатмандӣ дар шаҳри Душанбе платформаи муколамаро оид ба муқовимат ба хариду фурӯши одамон баргузор намуд. Чорабинӣ тақрибан 20 нафар аъзои мақомоти дахлдори давлатӣ (аксарияти комиссияи байниидоравӣ оид ба мубориза бо хариду фурӯши одамон), созмонҳои байналмилалӣ, инчунин бахши ҷомеаи шаҳрвандиро гирд овард.
Ҳадафи асосии платформа омӯхтан дар бораи дастовардҳои вазорату идораҳо ва кумитаҳо дар татбиқи Нақшаи амалиёти миллӣ барои солҳои 2019-2021 мебошад. Дар ҷараёни мулоқот, иштирокчиён инчунин табодули тавсияҳо карданд, ки ба Нақшаи амалиёти миллии навбатӣ барои солҳои 2022-2024 ворид карда мешаванд.
Дафтари барномаҳои САҲА баргузор намудани платформаҳои муколамаро ҳар семоҳа идома хоҳад дод. Гузаронидани платформаи навбатӣ дар моҳи август ба нақша гирифта шудааст!
Илова кунед

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон