Мизи мудаввар бахшида ба натиҷаҳои Тадқиқот оид ба арзёбии татбиқи амалии Механизми миллии бозравонии қурбониёни савдои одамон

27 Октябр 2020, Сешанбе

Душанбе, 27 октябри соли 2020 

Рӯзи 27 октябр субъектони калидии давлатӣ ва ғайридавлатии муқовимат ба савдои одамон натиҷаҳо ва тавсияҳои тадқиқотро, ки Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ Аврупо дар Душанбе барои арзёбии татбиқи амалии Механизми миллии бозравонии қурбониёни савдои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 гузаронида буд, муҳокима намуданд. Тадқиқот барои муайян кардани соҳаҳо барои баррасӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, барои рушди минбаъдаи механизми миллии бозравонӣ ҳамчун воситаи муҳим дар расонидани кӯмак ва ҳимоя ба қурбониёни савдои одамон пешбинӣ шудааст. Иштирокчиён тавсияҳои пешниҳодкардаи тадқиқотро хуш пазируфтанд ва қайд карданд, ки механизми миллии бозравонӣ дар мавриди амалишавии он ҳанӯз камбудиҳо дорад, ки такмилро талаб мекунад. Дар ҷараёни ин чорабинӣ субъектони муқовимат ба савдои одамон инчунин имкон доштанд мубодилаи афкор намуда, пешниҳодҳои иловагиро оид ба беҳтарнамоии низоми бозравонии зидди савдои одамон дар кишвар ва таъмини дастрасии қурбониёни савдои одамон ба хизматрасониҳои босифат дар соҳаи кӯмак, ҳимоя ва барқарорсозӣ пешкаш намоянд.

Илова кунед