Mуколама оид ба муқовимат бо савдои одамон (Душанбе, 2019)

12 Декабр 2019, Панҷшанбе

Душанбе12 декабри соли 2019

 

Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ Аврупо дар Душанбе дар доираи ӯҳдадориҳояш ва ташаббусҳои дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар татбиқи Қонун дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониени савдом одамон муколамаи якрӯзаро оид ба муқовимат бо савдои одамон ташкил намуд, ки дар он аъзои Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат бо савдои одамон, аз ҷумла намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд. Савдои одамон сарҳад надорад, хеле зуд тағйир меёбад ва шакли нафратангези вайронкунии ҳуқуқҳои инсонро ифода мекунад, ки дар натиҷаи он волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа халалдор мешавад. Вокуниши бомуваффақият ба ин ҷиноят танҳо дар сурате имконпазир аст, ки агар амалҳои зидди савдои одамон аз тарафи ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таври бояду шояд ҳамоҳанг карда шаванд.

 

Муколама ба ҷамъоварӣ ва мубодилаи маълумот дар бораи дастовардҳои субъектони муқовимат ба савдои одамон дар доираи нақшаи нави қабулшуда оид ба муқовимат ба авдои одамон саҳм гузошт, мушкилот ва таҷрибаҳои беҳтаринро дар айнияткунонии қурбониён ошкор намуд ва ба беҳтар шудани ҳамкорӣ дар мавриди парвандаҳои савдои одамон мусоидат намуд.

 

Ғайр аз он, иштирокчиёни муколама имкон доштанд, ки масъалаҳои мубрами пешгирӣ ва мубориза бо савдои одамонро муҳокима кунанд, инчунин роҳҳои таҳкими шарикиро барои муборизаи самаранок бо падидаи савдои одамон дар Тоҷикистон ва ҳалли эҳтиёҷоти қурбониёнро баррасӣ кунанд.

 

Тавассути ин чорабинӣ САҲА муколамаҳои анъанавиро байни тарафҳои ба муқовимат ба савдои одамон ҷалбшударо, ки соли 2016 қатъ шуда буданд, барқарор мекунад. Дар соли 2020 Дафтари САҲА гузаронидани як қатор муколамаҳои минбаъдаро дҳар се моҳ пешбинӣ мекунад. Дар байни дигар ҳадафҳои ин муколамаҳо таъмини амалинамоии Механизми миллии бозравонии қурбониёни савдои одамон мебошад.


Сарчашма: https://www.osce.org/ru/programme-office-in-dushanbe/427256


Илова кунед