СБМ талошҳои олимон ва мутахассисонро барои табодули дониш доир ба савдои одамон дастгирӣ менамояд

30 Июл 2019, Сешанбе

Муқовимат ба савдои одамон дар Тоҷикистон ва роҳандозии низоми мусоидат ба қурбонӣ дар кишвар дар маркази таваҷҷуҳи ҳамоиши илмӣ мебошад, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе дар пояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоиш ба Рӯзи ҷаҳонии муқовимат ба савдои одамон, ки ҳамасола 30-уми июл қайд мегардад, бахшида шуд. 

Тоҷикистон, ҳамчун кишвари зуҳур, транзит ва таъинот барои савдои одамон, инчунин, ба ҳайси манбаъи муҳоҷирони корӣ, тавоноии худро ҷиҳати ёрӣ ба шаҳрвандони худ ва шањрвандони дигар кишварҳо, ки қурбонии истисмори кориву шаҳвонӣ гардидаанд, боло бардошт. Бо инобат гирифтани талошҳои пайвастаи Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон аз ҷониби Гузориш доир ба вазъи савдои одамон дар ҷаҳон аз соли 2018 мавқеъи кишвар то ба Гуруҳи 2 боло бардошта шуд. 

Муқовимат ба савдои одамон яке аз вазифаҳои асосии СБМ буда, тақрибан ду даҳа боз СБМ ба Ҳуқумати Тоҷикистон дар таҳияи заминаҳои қонунӣ ва таҳкиму тақвияти тавоноӣ дар муқовимат ба савдои одамон, ҳимояи қурбониён ва ҷазо додани ҷинояткорон мусоидат мекунад. Аз ҷумла соли 2019 СБМ Тоҷикистон ба 17 қурбонии савдои одамон ёриҳои мустақим расонида, аз 8 ҳодисаи дигари савдои одамон ҷилавгирӣ намудааст, ки бештарашон мардон будаанд. 

Мегӯем: #НестБодСавдоиОдамон!

 

Манбаи иттилоот: http://www.iom.tj/index.php/tj/newsletters/326-2019-07-30-08-08-46

Илова кунед