Ифтитоҳи Маркази муқовимат бо хариду фурӯши одамон
01 Сентябр 2016, ПанҷшанбеИмрӯз (01.09.с.2016), бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард маросими кушодашавии Маркази муқовимат бо хариду фурӯши одамон бо дастгирии Сафорати ИМА дар назди Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД доир гардид.
Дар маросими ифтитоҳи Маркази мазкур ҳамчунин сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Шараф Ҷаббор, сардори шӯъбаи маводи мухаддири Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Кристофер Грин, Роҳбари Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон Драган Алексоски, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД полковники милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.
Нахуст Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳайати шахсии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилро бахшида ба таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, афзуд, ки ифтитоҳи Маркази муқовимат бо хариду фурӯши одамон дастоварди муҳим баҳри пешгирӣ ва мубориза бо хариду фурӯши одамон дар арафаи ин ҷашни таърихӣ ва тақдирсоз ба шумор меравад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди Вазорати корҳои дохилӣ бо Сафорати Иёлоти Амрико тӯли солҳои охир хеле равнақу ривоҷ ёфта, дар ҳама самтҳо муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҳукумати мамлакат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмин намудани манфиат ва амнияти шаҳрвандон тамоми тадбирҳоро меандешанд, то ин ки чунин зуҳуроти номатлуб пешгирӣ ва решакан гардад.
Савдои одамон - яке аз зуҳуроти хавфноки иҷтимоии фаромиллӣ буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб меёбад.
Дар ҷараёни чорабинӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард барои ҳамкориҳои пурсамар изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки ин ҳамкориҳо минбаъд низ тақвият хоҳанд ёфт.
Хонум Элизабет Миллард зимни баромад ба Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати ҳамкориҳои дуҷониба изҳори сипос намуда, зикр кард, ки Вазорати корҳои дохилӣ яке аз субъектони асосии муқовимат ба савдои одамон ва ҳамоҳангсози таъқиби ҷиноии ин қабил ҷиноятҳо ба ҳисоб меравад.
Таъсис додани Маркази муқовимат ба савдои одамон имкон медиҳад, ки дигар субъектони муқовимат ба савдои одамон дар ҳамоҳангсозӣ ва якҷоягӣ ба ин хатари ҷаҳонӣ муборизаи беамон баранд.
Ҳамчунин хонум Элизабет Миллард аз номи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳо бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори боварӣ намуда, афзуд ки чунин робитаи қавӣ ба хотири ояндаи дурахшон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон роҳандозӣ гардидааст.
Сипас, Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард ба Протокол оид ба қабул ва супоридани Маркази муқовимат бо хариду фурӯши одамон дар доираи ҳамкориҳо байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузоштанд.
Ҳангоми боздид аз бинои нави дуошёнаи Маркази мазкур ҷонибҳо аз сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда ва шароити муҳаёгардида изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалиро ба тасвиб расонида, аввалин шуда дар Осиёи Марказӣ қонуни махсусро соли 2004 дар соҳаи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон қабул намуд.
Барои тақвият бахшидани мубориза бар зидди савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни хариду фурӯши одамон ва мутобиқ гардонидани қонунгузории ҷумҳурӣ ба талаботи санадҳои байналмилалӣ 26 июли соли 2014 таҳти рақами 1096 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон" қабул карда шудааст.
Сипас, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва ҳайати меҳмонон аз таъмиру таҷдид ва корҳои созандагию бунёдкорӣ дар Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД боздид ба амал оварда, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар ҷараёни боздид Вазири корҳои дохилӣ ба ҳайати шахсии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон, амнияти иттилоотӣ, ҷиноятҳои кибернетикӣ, моликияти зеҳнӣ, қочоқи сангҳои қимматбаҳо ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова.
Манбаи иттилоот: https://mvd.tj/old/index.php/tj/asosi/12353-iftito-i-markazi-mu-ovimat-bo-kharidu-fur-shi-odamon