Мубориза бар зидди хариду фурўши одамон

08 Июл 2019, Душанбе

Семинар (омўзишӣ) -и кормандони дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, таҳти №80 «Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», санаи 5 июли соли 2019 дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ мулоқот бо намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини сардори маркази муқовимат ба савдои одамони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Шарифзода Исҳоқ Иброҳим дар мавзўи «Муқовимат ба савдои одам» баргузор гардид.
 
Дар ин мулоқот муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Носирзода Д.М., кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ва марказҳои таълимии системаи Агентӣ, иштирок доштанд.
 
Ҷаласаро муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Носирзода Д.М., ифтитоҳ намуда, сараввал меҳмонони ҷаласа намояндаи  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифзода Исҳоқ Иброҳим аз номи роҳбарияти Агентӣ ва кормандони соҳа изҳори миннатдорӣ намуд. 
 
Носирзода Д.М., сипас қайд кард, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, таҳти №80 «Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ тасмим гирифтааст, ки семинар машварат таҳти унвони «Муқовимат ба савдои одам» ва бо мақсади баланд бардоштани савияи ҳуқуқии кормандони дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, баргузор намояд.
 
Қобили зикр аст, ки хариду фурӯши одамон дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки дар айни ҳол дар худ унсурҳои таҳдид ба амнияти миллии як қатор давлатҳо ва халалдор намудани суботи иҷтимоию иқтисодии онҳоро ниҳон дорад, эътироф гардидааст.
 
Рўзмара ва мубрам будани масъалаи баррасишавандаро ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба хариду фурўши одамон гардид ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ чораҳои дахлдори ташкилию ҳуқуқиро андешид.
 
Маҷмўи чораҳои андешидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси равшани худро пеш аз ҳама дар ҳамроҳ гардидан ва ба тасвиб расонидани ҳуҷҷатҳои асосии байналмилалию ҳуқуқие, ки ба мубориза бо чунин зуҳуроти номатлуб равона гардидаанд, ёфтаанд.
 
Дар ҳамин маврид Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда дар миқёси Осиёи Марказӣ 15 июли соли 2004 санади меъёрии махсус, яъне Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон»-ро қабул намуда, ба ин васила заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва инфрасохтории муқовимат бо чунин намуди ҷинояткориро муҳайё намуд. Дар кишвари мо чорабиниҳои барномавӣ дар самти муқовимат бо савдои одамон тарҳрезӣ гардида, Нақшаи миллии муковимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2019-2021 амалӣ гардида истодааст. Қобили зикр аст, ки мақомоти давлатӣ дар ҷараёни ба нақшагирии чорабиниҳо ва татбиқи амалии он ҳамкории васеи худро бо ташкилотҳои байналмилалию ғайридавлатӣ ба роҳ мондаанд.
 
Дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ воҳиди махсуси мубориза бо хариду фурўши одамон таъсис дода шуда, бо мақсади расонидани кўмак ба қурбониёни чунин намуди ҷинояткорӣ марказҳои дастгирӣ ва кўмак ба қурбониёни савдои одамон ташкил карда шуданд.
 
Ҷиҳати амалӣ намудани ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии мақомоти давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон аз соли 2005 бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон таъсис дода шудааст, ки ба таври доимӣ фаъолияти бонизоми худро дар чор самти фаъолият, яъне пешгирии савдои одамон, таъқиботи ҷиноятии савдои одамон, расонидани кўмак ба қурбониёни савдои одамон ва таҳкими ҳамкориҳои шарикӣ татбиқ карда истодааст.
 
Ҷиҳати анҷоми босифати корҳо дар ҳар чор самти фаъолият зери роҳбарии аъзои Комиссияи байниидоравӣ гурўҳҳои кории Комиссия таъсис дода шудаанд, ки ба ҳайати онҳо инчунин намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ шомил мебошанд. Аз ҷумла, бо мақсади такмили қонунгузории амалкунанда дар доираи фаъолияти Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон» ва «Дар бораи расонидани кўмак ба қурбониёни савдои одамон» таҳия гардиданд.
 
Санаи 20 сентябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳои зикршударо барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуда, он 26 июли соли 2014 кабул гардид.
 
Ҳамин тариқ, имрўз заминаҳои кофии ҳуқуқӣ - байналмилалии ҳамкорӣ дар самти муқовимат бо савдои одамон вуҷуд дорад ва танҳо риояи қатъӣ ва бемайлони онҳо гарави таъмин гардидани ҳамкории самаранок ҷиҳати мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, аз ҷумла падидаҳои фаромарзии он, чун савдои одамон мебошад. 
 
Дар баромади худ Шарифзода Исҳоқ Иброҳим аз ҷумла қайд кард, ки масъалаи савдои одамон имрўз дар ҷаҳони муосир, яке аз масъалаҳои доғи рўз ба шумор рафта, ҳамарўза дар гушаву канори олам, алалхусус кишварҳои ҷангзада ҳазорҳо нафар одамон бегуноҳ, аз ҷумла занону кўдакон дучори ин ҷинояти вазнин ва амалу кирдори ҷинояткоронаи одамрабоён мегарданд.
 
Тоҷикистон як кишвари демокративу дунявӣ дар радифи кишварҳои мутараққии дунё ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус ва аҳамияти ҳамаҷониба зоҳир намуда, бо дастгирӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони кишвар намегузорад гурўҳҳои муташаккили ҷинояткор ва шахсони алоҳида ҳадафҳои нопоки худро дар ин самт амалӣ намоянд.
 
Бо ин мақсад бо дастгирӣ ва роҳнамоии Ҳукумати Xумҳурӣ соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кўмак ба қурбониёни савдои одамон», ҳамзамон солҳои 2016 ва 2019 «Нақшаи миллии муқовимат бо савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2021» қабул гардид, ки ин иқдоми хайрхоҳона ва башардўстона аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои миллат ва қонунгузории мамлакат нисбати сокинони ҷумҳурӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар кору зиндагӣ мекунанд ва қарор доранд шаҳодат медиҳад.
 
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз субъектҳои асосии муборизабаранда бо савдои одамон ба ҳисоб рафта, бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бо ин ҷинояти вазнин ва таҳқиркунандаи номусу шарафи инсонҳо мунтазам тадбирҳои судманд меандешад.
 
Вобаста ба иҷрои самараноки қонуни дар боло зикргардида ва Нақшаи миллии муқовимат бо савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016- 2021» бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 дар сохтори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази муқовимат ба савдои одамон таъсис дода шуд.
 
Бояд қайд намуд, ки бақайдгирӣ ва таҳлили ҷиноятҳо дар самти савдои одамон то соли 2014, дар асоси қонунгузории соли 2004 аз рўи Номгўи муқаррарнамуда тибқи рўйхати 22 ҷиноят ба роҳ монда мешуд.
 
Аммо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кўмак ба қурбониёни савдои одамон» аз 26 июли соли 2014 муайян кардани Номгўи ҷиноятҳо дар самти савдои одамон ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шуд.
 
Аз соли 2015 таҳлили ҷиноятҳои вобаста ба савдои одамон аз рўи 12 моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
 
Чунин муносибат боиси бе чуну чаро дуруст ба роҳ мондани омори ҷинояткорӣ дар самти баррасишаванда мусоидат намуда, тамоюли воқеии содиршавӣ, ошкоркунӣ, кушодан ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятиро, ки бо савдои одамон дар алоқамандӣ қарор дорад, инъикос менамояд.
 
Оид ба масъалаи баррасишуда аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ба муҳтарам Шарифзода Исҳоқ Иброҳим саволҳо дода шуда ва ба онҳо ҷавобҳои қаноатманд гирифта шуд.
 
Дар охир Носирзода Д.М., ба меҳмонон бори дигар барои иштирокашон ва суханрониҳои пурмуҳтавояшон аз номи роҳбарияти Агентӣ ва тамоми иштирокчиён изҳори миннатдорӣ намуда, бовар кунонид, ки минбаъд ҳамкориро бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳанд дод.
 
Шуъбаи  ҳуқуқи дастгоҳи марказии
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Манбаи иттилоот: http://kor.tj/news/78

Илова кунед