Хатари савдои одамон ба ҷомеаи имрӯза

02 Май 2020, Шанбе

Хариду фурӯши одамон ва истисмори онҳо яке аз самтҳои асосии муборизаи мақомотҳои гуногун, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи имрӯзаро ташкил медиҳад. Бисёр вақт мушоҳида менамоем, ки бо вуҷуди пешрафти илму технология ва дигар арзишҳои инсонӣ, истисмори одамон барои касби даромад, аз қабили хизматрасониҳои маҷбурии ҷинсию шаҳвонӣ, корҳои тоқатфарсои бемузд ҳамчун ғулом, гирифтани узву бофтаи инсон ва ғайраро дар бар мегирад. Инро ҳам бояд зикр кунем, ки истифодаи инсонҳо аз ҷониби дигарон ба манфиату ҳадафҳои муғризонаи ҷиноии хусусӣ барои истисмор ҳаммонанди қочоқи маводи мухаддир яке аз даромадноктарин ҷиноятҳои созмонёфтаи трансмиллиро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки зарари падидаи мазкур иқдомҳои ҷиддӣ барои пешгирӣ ва мубориза бо онро тарҳрезӣ ва амалӣ карда истодааст.

Зикр кардан бамаврид аст, ки Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» дар асоси «Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳури Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018» ва нақшаи дохилиидоравии худ баҳри пешгирии омили номатлуб корҳои муайянеро роҳандозӣ намуда истодааст.

Ҷиҳати пешгирии ин амали номатлуб мувофиқи мақсад дониста мешавад, то аз сӯи коршиносон роҳҳои паст кардани шиддати раванди зуҳуроти номатлуби савдои одамон омӯхта барои ҷомеаи имрӯза пешниҳод карда шаванд. Бо дарки масъалаҳои ҷойдошта дар ин самт ва бартараф кардани онҳо метавонем таъсири манфии ин равандро барои суботи ҷомеа рӯи даст гирем.

Зикр кардан бамаврид аст, ки яке аз омилҳои асосии ба миён омадани чунин зуҳуроти номатлуб иттилои кам ва маърифати пасти ҳуқуқии шаҳрвандон маҳсуб мешавад. Дар ҷомеаи мутамаддини имрӯзаи Тоҷикистон дар ин самт чӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, чӣ аз ҷониби соз­монҳои байналмилалӣ дар ҳамоҳангӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ тадбирҳои муайян андешида мешаванд. Имрӯз таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон тавассути Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, барои инкишофи рӯзмарраи ҳаёти ҷомеа ва қонеъ намудани эҳтиёҷоти фитрии шаҳрвандон шароиту имкониятҳои муносиб фароҳам оварда шудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба зуҳуроти номатлуб ва нанговари савдои инсон чораҳои зиёде андешида шуда, ҷиҳати пешгирии он ва ҳолатҳои ба он мусоидаткунанда мубориза бурда мешавад. Қа­бул ва амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани ку­мак ба қурбониёни савдои одамон» низ аз ҷумлаи чунин тадбирҳост. Дар ин замина ба таври доимӣ муколамаҳои зиёде роҷеъ ба муқовимат бо савдои одамон бо ишти­роки масъулини вазорату идораҳо ва созмонҳои гуногун дар ҳамкорӣ бо Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, Созмони байналмилалии муҳоҷират ва дигар ниҳодҳо доир гардиданд. Ҳадафи ташкили чунин муколамаҳо расони­дани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва пешгирии ин гуна зуҳурот дар ҷомеа ба шумор меравад.

Чунонки маълум аст, хариду фурӯши одамон дар миқёси ҷаҳонӣ ҳам­чун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки дар айни ҳол унсурҳои таҳ­дид ба амнияти миллии як қатор давлатҳо ва халалдор намуда­ни суботи иҷтимоию иқтисодии онҳоро дар пай дорад, эъти­роф гардидааст.

Савдои инсон маънои бо роҳҳои номашрӯъ соҳибӣ кардани шахсе ё узви шахсе, таҳдид бо силоҳ, зӯро­варӣ, фиреб, бо роҳи қаллобӣ соҳиб шудан ба шахсе ва он шахсро ғуломи худ қарор додан, маҷбур кардани он шахс аз барои ҳама намуд амалҳои номатлубро дорад.

Бешак, савол ба миён меояд, ки чаро гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва ё ашхоси ҷудогона ба ин аъмоли нанговар даст мезананд. Ҳадафи асосӣ ва аввалиндараҷаи чунин аш­хос бо роҳи тиҷорат ва истифодаи инсон ба даст овар­дани манфиатҳои шахсии беарзиш ва ба даст овардани моли бисёр мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз нахустин солҳои соҳибихтиёрии давлатӣ ба масъалаи таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гирифтани пеши роҳи ҳама гуна зуҳуроте, ки дар самти риояи ҳамаҷони­баи ҳуқуқҳои инсон халал ворид мекунанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ин буд, ки ҳанӯз соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули нахустин Конститутсияи худ инсон ва ҳуқуқу озодиҳои онро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намуд ва он дар моддаи 5-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало дарҷ ёфтааст.

Қобили қайд аст, Асосгузори сулҳу Ваҳдати мил­лӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ роҷеъ ба пешгирии омилҳои номатлуб ва ҷинояту ҷинояткорӣ пайваста таъкид менамоянд. Зуҳуроти ношоистаи савдои одамон, ифротгароии динӣ ва дигар падидаҳои номатлуб имрӯз аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Иддае ғаразу манфиатҳои муғризонаи худро бо суистифода аз дини мубини ислом амалӣ месозанд, ки қобили қабул нест. Тавре ки Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд: “За­рур аст, ки ба истифодаи ислом бо чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгаро­ён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди қо­нун ҷавоб гӯянд”.

Шариати исломӣ низ истифода ва истисмори инсонро аз ҷониби инсони дигар ва ё гурӯҳе мақбул намешумо­рад ва мазаммат менамояд. Аз Абӯҳурайра (раз) ривоят аст, ки Паёмабар (с) фарму­данд: «Худованд фармуд, дар рӯзи қиёмат Ман душма­ни се намуд аз инсонҳо мебошам: Шахсоне, ки паймон баста ва онро мешикананду хиёнат мекунанд, шахсоне, ки нафари озодро мефурӯшанд ва қимати ӯро мехӯранд ва шахсоне, ки ҳаққи кормандонро баъд аз анҷом додани кор намедиҳанд» (Ҳадиси саҳеҳ, ривояти Бухорӣ, рақами 2075).

Аз нигоҳи дигар ин намуди тиҷорат ҳаққи зиндагонии шоистаро аз байн бурда, инсонҳоро аз он маҳрум ме­намояд. Худованд дар Қуръони карим ва Пайғамбар (с) дар ҳадисҳои саҳеҳи худ ҳама гуна тиҷорат, зулму ситам ва ди­гар амалҳои зишт нисбат ба инсонҳоро ҳаром дониста, қатъиян онҳоро манъ кардаанд. Ба дурустӣ, дини мубини ислом дине аст, ки бар зидди тиҷорати башар мубориза бурдааст, чунки ҳама намуд амалҳое, ки ақлу фитрати инсон онро қабул надорад, дини ислом онро манъу ҳа­ром гардонидааст.

Худованд дар Сураи Исро, ояти 70 инсонро беҳтарини махлуқот офаридааст: «Ҳамоно фарзандони одамро гиромӣ кардем… ва онҳоро бар бисёре он чи офаридаем, фазли бисёр додем».

Олими бузург Ҳамавӣ дар асари хеш “Ғамзу ъуюни-л- басоир” баён намудааст: “Банда, барда ва ғулом кардани инсони озод ҷоиз намебошад”. Таҳти ҳар шароит ҳатто бо розигии худи ӯ, зеро дар ин амал бекор кардан ҳаққи Худованд аст. Инчунин, Мулло Хусрав дар асари худ “Дурарул ҳиком” чунин зикр кардааст: “Дар асл инсони озод будан аз барои ҳама башарият мебошад ва ин ҳақро Худованд аз барои ҳама бандагонаш додааст, ва ҳеҷ кас наметавонд ин ҳақро бекор созад”, суханони фавқуззикрро ибни Ҳумом дар китоби худ “Фатҳу-л-қадир” ва Кошонӣ дар асари худ “Бадоеъ-ус-саноеъ” низ таъкид намудаанд.

Дар робита ба ҳаром ва ҷиноят будани фурӯши узвҳои инсон аз ҷониби Маркази фиқҳи Созмони Ҳамко­рии Исломӣ қарор қабул шудааст. Дар ин қарор харид ва фурӯши узвҳои инсон ҳаром эълон гар­дидааст.

Дар охир мувофиқи мақсад дониста мешавад, то коршиносону мутахассисони соҳавӣ ҷиҳати рушди маърифатнокии шаҳрвандон бо роҳҳои соддаву оммафаҳм маводҳои таҳлилӣ ба сурати китобчаҳои ҷайбӣ ва рӯимизӣ омода намоянд. Ин иқдом, ба тадриҷ боиси огоҳии шаҳрвандон аз ҳуқуқу озодиҳои худ шуда, заминаро барои кунд кардани рушди чунин амалҳои номатлуби зиддиинсонӣ муҳайё мекунад.

Ҷумабек Наботов,

cармутахассиси Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Манбаи иттилоот: http://jomea.tj/tj/node/573

Илова кунед