Муқовимати муштараки Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба савдои одамон
18 Август 2017, Ҷумъа“Тамоми роҳи бозгашт модари зор мегирист. Дилаш пора-пора шуда буд ва ҳама умедҳояш барои дидори дубораи фарзанд шикаст. Ӯ мутмаин буд, ки пас аз ҳашт соли ҷудоӣ духтарашро дар Афғонистон меёбад, вале наёфт ва маҷбур буд, ки дидори фарзанди дуздидашударо ба қиёмат бигзорад”.
Ҷавондухтари 19-солаи тоҷикро дар солҳои ноороми навадум аз Тоҷикистон дуздиданд ва чанд сол баъд хабараш омад, ки ба Афғонистон бурдаву, ба кадом марде ба ивази 80 кило ҳероин фурӯхтаанд. Модараш бо дарёфти хабар ҳамроҳ бо як фаъоли иҷтимоӣ, ки дар масоили савдои одамон кор мекунад, ба шаҳре дар Афғонистон рафт, ки бовар мешуд, духтараш он ҷост. Аз он ҷо бидуни духтар ва бидуни дидор баргашт, мегӯяд ҳокии ин нақл, ҳамроҳи ӯ.
Ин ягона хабари қочоқи инсон аз Тоҷикистон ба Афғонистон нест. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, аз кишварҳои ҳамсоя ба Афғонистон духтаронро меоранд ва маҷбурӣ ба шавҳар медиҳанд. Ҳаҷм ва маҳдудаи савдои одамон дар Афғонистон, кишвари азим ва муҳим дар байни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, номаълум ва ҳанӯз пажӯҳишнашуда боқӣ мондааст.
Нахустин талоши муборизаи фароминтақавӣ бо савдои одамон
Муқовимати муштарак ба савдои одамон дар сатҳи минтақавӣ мавзӯъи нахустин ҳамоиши муштараки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ буд, ки шаҳри Душанбе рӯзҳои 22-23-юми июн мизбонаш буд. Ин ҳамоиш бо ибтикори Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ва бо пуштибонии молии Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид ва дар он намояндагони Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, ва Узбекистон барои табодули назарҳо ва омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар, ҳамчунин, баррасии муқовимати муштарак ба савдои одамон ҷамъ омаданд. Дар ҳамоиш мушкили савдои одамон дар ин кишварҳо, фазои қонунии мубориза бо он, ва талошҳои ҳукумату ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати муқовимат ба савдои одамон баррасӣ шуд.
Ҳамоишро Мина Пудел, раҳбари барномаҳои мубориза бо савдо дар Намояндагии СБМ дар Афғонистон, боз кард ва гуфт, ин ҳамоиш танҳо як ҳадаф дорад ва он ҳам хеле мушаххас аст: Тарғиби ҳамкориҳои фароминтақавӣ миёни ҷомеаи шаҳрвандии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ҷиҳати мубориза бо савдои одамон. Катрин Кроуфорд, мудири дафтари USAID дар Тоҷикистон, гуфт, Иёлоти Муттаҳида барои роҳандозии ҳамкориву тамосҳо миёни ин ду минтақа дар самтҳои гуногун мусоидат менамояд ва ӯ мутмаин аст, ки ҷомеаи шаҳрвандии ин ду минтақа дар самти муқовимат ба савдои одамон низ фаъол хоҳанд буд.
Драган Алексоски, раҳбари дафтари СБМ Тоҷикистон, бо муаррифи мухтасари фаъолияти СБМ дар самти мубориза бо савдои одамон, гуфт: “Созмонҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати дастрасӣ ба қурбониёни савдои одамон, ироаи ёрии ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва равонӣ ба онҳо ва бозгардони дубораашон ба ҳаёти ҷомеа нақши муҳим мебозанд. Созмонҳои иҷтимоӣ чашму гӯш ва дастони ҷомеаи байналмилалӣ дар маҳал мебошанд.Ҷомеаи шаҳрвандӣ бо фароҳам овардани имкони тағйир ба мо ҷиҳати дарки ниёзҳои қишрҳои осебпазир ва вобаста ба ин ниёзҳо тарҳрезӣ намудани фаъолиятҳоямон мусоидат мерасонад. Ин ҳамоиш ба ҳайси як нуктаи оғози ҳамкориҳои пурсамар миёни созмонҳои иҷтимоии кишварҳое, ки дар он иштирок карданд, хидмат мекунад”.
Ҷонибек Холиқзода, котиби иҷроияи Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, барои муборизаи муассир равишу ибтикорҳои нав лозим аст ва ҷамъ овардани ҷомеаи шаҳрвандии ду минтақа метавонад дар тавлиди идеяҳои нави мубориза бо савдои одамон мусоидат намояд.
Иштирокдорони ҳамоиш доир ба вазъи савдои одамон дар кишварҳояшон маълумот доданд ва масъалаи талошҳои муштарак ҷиҳати мубориза бо ҷиноят ва ёрӣ ба қурбониёнро баррасӣ намуданд. Таҷрибаҳои беҳтарини фаъолият ва имкониятҳои тарҳрезӣ, пешбурд ва иҷрои муштараки ибтикорҳои минтақавӣ низ таъкид гардид.
Афғонистон: Мушкили бузург бо ҳаҷми номаълум
Ҷангу нооромиҳо, дасти кутоҳи ҳукумат дар баъзе манотиқ, вазъи иқтисодӣ мардуми зиёдеро даҳсолаҳо боз водор мекунад, то Афғонистонро тарк гӯянд. Фирориёну муҳоҷирон ва фақирон аз қишрҳои осебпазиртарини ҷомеаи Афғонистон ҳастанд, ки ба осонӣ метавонанд тӯъмаи гуруҳҳои ҷинояткор гарданд ва мавриди истисмори корӣ ва ё ҷинсӣ қарор гиранд. Мина Пудел мегӯяд, Афғонистон бо ҷалби созмонҳои иҷтимоияш ба муқовимат ба савдои одамон нав ба ҷодае қадам гузоштааст, ки кишварҳои ҳамсояаш ин пайроҳаро аллакай убур карданд ва аз ин рӯ, ҳама гуна омӯзиши таҷрибаи кишварҳо ҳамсоя ба нафъаш хоҳад буд.
Абдулваҳид Ҳидоят, раҳбари Комиссияи олии мубориза бо савдои одамон, яке аз ниҳодҳои байнисохтории давлати Афғонистон, омӯзиши таҷрибаи ҳамсояҳо ва ҳамкории миёни ҳукумату ҷомеаи шаҳрвандиро василаҳои муҳимми муваффақият дар ин мубориза номид. Ҷаноби Ҳидоят, ҳамчунин, гуфт, ҳукумати кишвараш барои боздошт ва зиндонӣ кардани савдогарони одам талошҳои зиёд кардааст. Дар Афғонистон нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон рӯи даст аст ва як комиссияи олии ҳукуматӣ бо шумули намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ зери раҳбарии вазири адлияи он кишвар фаъолият мебарад.
Созмонҳои иҷтимоии Афғонистон дар самти омӯзиши омӯзгорону донишҷӯён, намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ ва пешвоёни динӣ фаъолиятҳо мебаранд ва ҷавононро тавассути маъракаҳои азими иттилоотӣ ва варзишӣ ҷалб мекунанд. Муҳаммад Шуъайб, мудири Созмони ёрии сареъ ва рушди Афғонистон, мисол овард, ки онҳо нахустин сабқати бозии волейбол миёни духтаронро роҳандозӣ карда буданд. Ҷаноби Шуъайб гуфт, як пажӯҳишашон муайян карда буд, ки 30%-и мардон ва 38%-и занони пурсидашудаи афғон доир ба савдои одамон комилан маълумот надоранд.
Абдулваҳид Ҳидоят гуфт, бо назардошти вазъи Афғонистон ҳарчанд, ки ҳеҷ оморе доир ба савдои одамон дар кишвараш нест, вале аз рӯи мушоҳидаҳо метавон гуфт, ки ин падида доман густурдааст. Дар суҳбати вижа барои нашрия ҷаноби Ҳидоят гуфт: “Қурбониёни савдои одамонро барои баҳрагирӣ аз нерӯи корияшон ва барои баҳрагирии ҷинсӣ истифода мебаранд. Ҳодисаҳои истифода барои интиқоли аъзои бадан низ вуҷуд дорад. Аксари қурбониён ҷавонон, кӯдакон ва занонанд. Арқоми дақиқе вуҷуд надорад, вале бо ҳимояи СБМ як тадқиқоте мегузаронем ва ин ҳама вазъро дақиқтар хоҳем шинохт”.
Вазъи савдои одамон дар Афғонистон ва бисёре аз кишварҳои дигари Осиёи Ҷанубӣ норӯшан ва камтадқиқшуда боқӣ мемонад, мегӯяд Созмони Милал. Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар гузориши ҷаҳонии худ доир ба савдои одамон аз соли 2016, Афғонистон ва Покистонро ба Феҳраси дувуми кишварҳо ворид карда буд, ки бояд зери назорати махсус бошанд, чунки ҳукуматҳояшон ба меъёрҳои ҳадди ақалли мубориза бо савдои одамон мутобиқати пурра намекунанд, вале дар ин самт талошҳое ба харҷ медиҳанд. Дар гузориши соли 2017 бошад, Афғонистон як радда дар ин феҳрас боло рафт ва баробар бо Тоҷикистон қарор гирифт.
Ин гузориш мегӯяд, аксарияти қурбониёни савдои одамон дар Афғонистон кӯдаконе мебошанд, ки дар корхонаҳои хиштбарорӣ ва қолинбофӣ кор мекунанд, дар манзили одамон хидматгорӣ мекунанд, ва ҳамчунин, барои истисмори ҷинсӣ, гадоӣ, парвариш ва интиқоли нашъа истифода мешаванд. Ҳодисаҳое низ мушоҳида шудааст, ки тибқи одатҳои маҳаллӣ одамонро барои адо кардани қарз ва ё барои ҳалли қазияи ҷанҷолие хидматгор мекунанд, баъзан адои ин қарз тавассути кори иҷборӣ ба наслҳо тӯл мекашад ва кӯдаконро маҷбур мекунанд, ки ба ивази қарзи волидонашон кор кунанд. Баъзе оилаҳои афғон дидаву дониста фарзандонашонро барои истисмори шаҳвонӣ, аз ҷумла писарҳоро ба бачабозҳо мефурӯшанд. Бино бар маълумоти Ҳукумати Афғонистон ва СММ, гуруҳҳои тахрибкор кӯдаконро дар ҷангҳо истифода мебаранд.
Гузориши Ҳукумати ИМА мегӯяд, афғонҳои зиёде барои фирор аз кишвар ба миёнаравҳо муроҷиат мекнуанд, вале, баъзан, ин миёнаравҳо афғонҳоро дар кишварҳои дигар ба танфурӯшӣ ё кори иҷборӣ водор мекунанд. Занони афғон қурбони истисмори ҷинсӣ ва кори хона дар кишварҳое ба монанди Покистон, Эрон ва Ҳиндустон мегарданд. Аксарияти афғонҳое, ки дар Покистон қурбони савдои одамон шудаанд, бонувоне мебошанд, ки барои истисмори ҷинсӣ, аз ҷумла издивоҷи иҷборӣ трафик шудаанд. Мардони афғонро дар соҳаҳои кишоварзӣ ва сохтмон дар Эрон, Покистон, Юнон, Туркия ва кишварҳои Халиҷи Форс истисмор мекунанд. Ҳодисаҳои водор кардани писарбачаҳои гурезаи афғон ба танфурӯшӣ дар Юнон мушоҳида шудааст. Муҳоҷирони афғонро, ки дар Эрон паноҳанда шудаанд, маҷбур кардаанд, ки ё ба Сурия рафта ҷанг кунанд ва ё ихроҷ мешаванд.
Афғонистон, ҳамчунин, кишвари мавриди истифодаи қурбониён низ ҳаст. Бо баҳонаи кори сердаромад мардонро аз як силсила кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Покистону Эрону Тоҷикистон ба Афғонистон оварда, ба кори иҷборӣ водор кардаанд. Гузоришҳо ҳокӣ аз он будаанд, ки занону духтарон аз Филиппин, Покистон, Эрон Тоҷикистон, Шри-Ланка ва Чин дар Афғонистон қурбонии истисмори ҷинсӣ шудаанд.
Вақте қазияи духтарони тоҷик, ки ба Афғонистон дуздида бурда шудаанд, ба миён гузошта шуд, ҷаноби Ҳидоят гуфт, дар сурати муроҷиати ҷониби Тоҷикистон, ниҳодҳои марбутаи Афғонистон омодаанд, то дар ҷустуҷӯ ва раҳоии ин духтарони тоҷик ёрӣ расонанд.
Фотима Аҳмадӣ, мудири барномаҳои “Ҳагар Афғонистон”, пешниҳод кард, ки созмонҳои иҷтимоӣ шабакаҳои фаромарзӣ таъсис диҳанд. Ӯ гуфт, доир ба вазъи савдои одамон дар кишварҳои ҳамсоя чизе намедонанд, ва дар тақвияти ҳарфҳои ӯ, Содиқ Айёр аз Бунгоҳи рушди маҳорати занони афғон, гуфт, умедворанд, ки бо ҳамсояҳо ҳамоҳангӣ ва ҳамкории воқеъиро ба роҳ монанд.
Осиёи Ҷанубӣ: Занҷирҳои ноайёни ғуломӣ дар дастакони кӯдакон
Афғонистон дар гузоришҳои байналмилалӣ шомили минтақаи Осиёи Ҷанубӣ мебошад ва бисёре аз мушкилоташ дар самти савдои одамон низ шабеҳи дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубист. Покистон низ, ки дар ҳамоиши Душанбе иштирок дошт, шомили ҳамин минтақа аст ва дар самти савдои фаромарзии одамон иртиботи аз ҳама бештарро бо Афғонистон дорад. Занони зиёди афғон дар Покистон бардаи шаҳвонӣ ва мардони зиёди афғон ғуломи корӣ мегарданд.
Мушкили дохилии савдои одамон дар Покистон низ бузург аст. Бино бар гузориши Ҳукумати ИМА, шакли маъмултарини савдои одамон дар Осиёи Ҷанубӣ, мушаххасан, Покистон, ғуломӣ бар ивази қарз мебошад, ки баъзан кандани ин қарз ба наслҳо тӯл мекашад ва аъзои дигари оиларо низ ғулом мегардонад. Ин қурбониёнро дар соҳаҳои кишоварзӣ ва хиштсозӣ, баъзан дар моҳигирӣ ва қолибофӣ низ истифода мекардаанд. Дар Покистон шабакаҳои муташаккил вуҷуд доштаанд, ки кӯдаконро барои гадоӣ, хидматгорӣ дар хонаҳо, корхонаҳои хиштсозӣ, ва танфурӯшӣ хариду фурӯш мекардаанд ва ба иҷора медодаанд. Дар баъзе ҳолатҳо, кӯдакони гадоро маъюб мекардаанд, то пули бештар кор кунанд. Писарбачаҳоро дар меҳмонхонаҳо, истгоҳҳои мошинҳои боркаш, автобусҳо ба ҳайси танфурӯш пешниҳод мекардаанд.
Гузориши Ҳукумати ИМА мегӯяд, савдои занону духтарон барои истисмори ҷинсӣ як низоми комил шуда, қурбониёнро ҳатто дар бозорҳои воқеӣ мефӯрӯшанд. Дар Покистон духтарон аз кишварҳои зиёде, аз ҷумла, аз Русия, Озарбойҷон, Афғонистон ва Узбекистон, мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор мегирифтаанд.
Бисёре аз ин нуктаҳои мушкили савдои одамон дар Покистон дар гузориши Саъдия Ҳусайн, мудири иҷроияи Ҷамъияти ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон дар Покистон, низ, ишора гардид. Хонум Ҳусайн дар ҳамоиши Душанбе изҳори умедворӣ кард, ки узвият дар Созмони Ҳамкориҳои Шонҳой, ки ахиран Покистон онро ба даст овард, барои беҳтар кардани муборизаи фаромарзӣ ва фароминтақавӣ бо савдои одамон кумаки бештар мерасонад.
Ҳайъати Покистон дар ҳамоиши Душанбе чанд намунаи таҷрибаи хуби минтақаашонро ёдовар шуданд, ки метавон дар Осиёи Марказӣ низ аз он таҷрибаҳоо кор гирифт. Дар Осиёи Ҷанубӣ бо назардошти шумораи даҳшатнок ва ваҳшатноки кӯдакони гирифтори доми истисмор, Ибтикори Нестии Хушунат Зидди Кӯдакон дар Осиёи Ҷанубиро таъсис додаанд. Таҷрибаи ҷолибу муҳимми дигаре аз минтақа ин аст, ки шумораи телефони дархости ёрӣ дар кишварҳои минтақа низ як аст – 1098.
Осиёи Марказӣ: мушкилот ҳамгуна, мубориза гуногун
Аксарияти қурбониёни савдои одамон аз Осиёи Марказӣ ин муҳоҷирони корӣ мебошанд, ки дар Русия ва Қазоқистон ба дом меафтанд. Бино бар гузориши СММ, ки оғози соли 2017 нашр шуда буд,, 63 дарсади қурбониёни савдои одамон аз Осиёи Марказӣ мардон мебошанд. Дар муқоиса бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, бештар аз 90%-и қурбониёни савдои одамон дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ калонсолон будаанд. Наздик ба 64%-и қурбониёни савдои одамон дар тамоми минтақа бо ҳадафи истисмори корӣ ва 31% бо ҳадафи истисмори шаҳвонӣ истифода шуда будаанд. Аксари ҷинояткорон дар Узбекистону Қазоқистон бо иттиҳоми истисмори корӣ ва дар Тоҷикистон бо иттиҳоми истисмори ҷинсӣ паси панҷара рафтаанд. Дар Осиёи Марказӣ танҳо 7%-и бонувонро барои истисмори корӣ трафик карда будаанд.
Гузориши Ҳукумати ИМА мегӯяд, занони Осиёи Марказӣ аксаран дар Имороти Муттаҳидаи Араб ва Туркия, ва ҳамчунин, дар Русия, Арабистони Саудӣ, Қазоқистон, Афғонистон, боз дар дохили худи кишварҳояшон низ мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор мегиранд. Занони ин кишварҳо, махсусан, пас аз талоқ гирифтан маҷбур мешаванд, то ба ҷустуҷӯи кор бароянд ва ба ваъдаҳои бардурӯғ бовар мекунанд. Баъзе занони минтақаро, ки бо ваъдаҳои шавҳар кардан ба Сурия ва Ироқ сафар кардаанд, ба ғуломии ҷинсӣ фурӯхтаанд.
Аз панҷ кишваре, ки дар ҳамоиши Душанбе иштирок карданд, Тоҷикистон дар гузориши Ҳукумати ИМА дар мақоми баландтарин, Феҳраси 2-и берун аз назорат, ҷо гирифтааст. Афғонистон танҳо дар соли 2017 ба ин феҳрас баробар бо Тоҷикистон баланд шуд. Ин гузориш мегӯяд, ҳарчанд Тоҷикистон пурра ба меъёрҳои ҳадди ақали мубориза бо савдои одамон мутобиқат намекунад, вале талошҳои қобили мулоҳиза барои мутобиқат ба ин меъёрҳоро дорад. Узбекистону Туркманистон дар Феҳраси 3 қарор гирифтаанд, ки биноан, ҳукуматҳояшон ба меъёрҳои ҳадди ақал мутобиқат накарда, ва барои ин мутобиқатӣ корҳои назаррасе ҳам накардаанд.
Фаридун Давронов, муовини сардори шӯъбаи мубориза бо савдои одамон дар ВКД Тоҷикистон, гуфт, Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, дар Осиёи Марказӣ қонуни вижаи мубориза бо савдо одамонро дар соли 2014 қабул карда буд. Соли гузаштаи 2016, Тоҷикистон Механизми бозраовнии қурбониёнро низ қабул кард, Нақшаи миллии мубориза бо садови одамонро таҳия намуд, ва як Маркази нави мубориза бо савдои одамон дар назди ВКД таъсис дод. Ҷаноби Давронов гуфт, ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон дар самти мубориза бо савдои одамон ва ёрӣ ба қурбониёни он бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкориву тамосҳои наздик доранд ва нақши созмонҳои ҷамъиятиро дар ин самт бориз номид.
Яке аз пуртаҷрибадортарин созмони ҷамъиятии Тоҷикистон дар самти мубориза бо савдои одамон - “Фемида” аз шаҳри Душанбе мебошад. “Фемида” дар солҳои 2013-2016 мудирияти паноҳгоҳҳои вижа барои қурбониёни савдои одамонро низ бар дӯш дошт. Бино бар иттилоъи сарвраи он Саноат Солиева, дар ин се сол 63 мард ва 37 зан, ҳамчунин 15 узви оилаи қурбониёни савдои одамон дар ин паноҳгоҳҳо зиндагӣ карда, ёриҳои ҳуқуқӣ, равонӣ, тиббӣ, ва молӣ дарёфт карданд. Паноҳгоҳҳои мазкур феълан ба далели молӣ фаъолият намекунанд.
Ҷамъе аз созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, ки дар ин самт фаъолият мебаранд, бо мусоидати СБМ Тоҷикистон дар Иттиҳодияе бо номи “Умед” муштаракан фаъолият мебаранд. Созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон (ба монанди “Мадина” аз шаҳри Хоруғ, “Марям” аз Кӯлоб, “Хайрхоҳи Замин” аз Панҷ) аллакай таҷрибаи кор дар Афғонистонро дар самтҳои гуногун доранд ва метавонанд аз ин таҷриба барои фаъолиятҳои зидди савдои одамон истифода баранд.
Дар Узбекистон низ, ҳамчунин, як иттиҳодия фаъолият мебурдааст, ки намояндагони ҳашт вилояти кишварро бо ҳам муттаҳид кардааст. Абира Ҳусейнова, раҳбари “Авлодлар истиқболӣ” аз Бухоро дар суҳбати вижа бо мо гуфт: “Шабакаи мо аз соли 2004 бад ин сӯ фаъол аст ва мо дар самти баланд бурдани сатҳи огаҳии ҳанону ҷавонон аз аз хатарҳои савдои одамон кор мекунем. Дар бозгардони қурбониён ба ватан низ ба СБМ ёрӣ мерасонем ва дар масъалаи реинтегратсияи қурбониён ба ҷомеа мусоидат менамоем”.
Намояндаи созмони ҷамъиятии “Клуб Ъинам” аз Туркманистон бо ишора ба ин таҷрибаҳо гуфт, вақти он аст, ки созмонҳои ҷамъиятии фаъолиятбаранда дар ин самт зери як шабакаи минтақавӣ ҷамъ оянд.
Созмонҳои ҷамъиятии Туркманистон дар самти муқовимат ба савдои одамон бештар фаъолиятҳои огоҳонӣ мебаранд. Масалан, созмони “Машгала” ба қавли раҳбараш Дубангурду Буграев, аз соли 2013 бад ин сӯ дар вилояти Марв ба ҷилавгирӣ аз савдои одамон ва реинтегратсияи қурбониёни савдои одамон ба ҷомеа машғул аст, ва айни фаъолиятро дар вилояти Лебап созмони “Бийик Ийям” мебарад, гуфт раҳбари он Муборак Гурбанова.
Аз моҳи январи соли 2017 дар Туркманистон қонуни нави мубориза бо савдои одамон ба ҳукми иҷро даромадааст ва мутаносибан дар кодекси ҷиноятии он кишвар низ тағйирот ворид шудааст. Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон низ дар он кишвар фаъол аст.
Намояндагони Узбекистон ба ҳамкориҳои наздики созмонҳои ҷамъиятишон бо ҳукумат махсус таъкид карданд. Назифа Камолова, мудири “Истиқлол авлоди”, гуфт, ҳукумат дар ин самт ба созмонҳои ҷамъиятӣ грант медиҳад. Холидахон Мирзораҳимова, раҳбари “Меҳриниз сизга” аз Андиҷон, дар суҳбат бо мо гуфт: “Масалан, бо Кумитаи кор бо занон ҳамкории наздик дорем, чунки занони зиёде пас аз бозгашт ба ватан ба ёрӣ ниёз доранд”.
Ҳамоиши Душанбе нахустин ибтикори бузурги минтақавӣ буд, ки ҷиҳати рушди шабакаи ҳамкорӣ ва тарғиби муқовимат ба савдои одамон дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ хидмат хоҳад кард. СБМ ҳадаф дорад, ҳамкории минтақавиро беҳтар гардонад ва талошҳои пешгирӣ аз савдои одамон, ҳимояи қурбониён ва беҳтар кардани вокунишро тақвият бахшад.
Манбаи иттилоот: http://www.iom.tj/index.php/tj/newsletters/269-2017-08-18-09-17-19