Торговля людьми — бич столетия и ответственность общества.
19 Мая 2026, Вторник
Дар марҳилаи кунунии таҳаввулоти таърихӣ, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сӯйи қуллаҳои баланди тамаддун ва эҳтироми бечунучарои ҳуқуқу озодиҳои инсон қадам мегузорад, зуҳури падидаҳои нангине чун савдои одамон ҳамчун «доғи аср» ва «ғуломии муосир» хотири аҳли башарро парешон ва амнияти инсониятро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додааст. Ин ҷинояти фаромиллӣ, ки на танҳо ҳуқуқҳои бунёдии инсон, балки арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии ҷомеаро поймол месозад, аз ҳар як узви бедордили ҷомеа ва хосатан аз мо — ходимони давлатӣ, масъулияти дучанд ва муборизаи беамонро тақозо менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандро меҳвари сиёсати давлатӣ қарор додааст. Конститутсияи мо инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, дахлнопазирии ҳаёт, шараф ва номуси ҳар як фардро кафолат медиҳад.
Дар ин росто, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» ва як қатор барномаҳои давлатӣ заминаи устувори ҳуқуқиро ба вуҷуд овард, то мо битавонем дар сатҳи маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ бар зидди ин падидаи номатлуб мубориза намоем.
Фаъолияти Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон дар ноҳия танҳо бо ҷаласаву гузоришҳо маҳдуд намегардад. Моҳияти асосии кори Комиссия дар ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маориф, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва занон ифода меёбад.
«Савдои одамон танҳо ҷиноят нест, балки фоҷиаи қалбҳои шикаста ва сарнавиштҳои барбодрафта аст, ки танҳо бо ҳамбастагии дастҷамъона метавон пеши роҳи онро гирифт.»
Комиссия баҳри пешгирии омилҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла муайян кардани оилаҳои осебпазир ва шахсоне, ки бинобар мушкилоти иқтисодӣ метавонанд ба доми фиреби қочоқчиён афтанд. Ҳамчунин ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ мулоқоту вохӯриҳо дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, махсусан дар деҳоти дурдаст ташкил карда мешавад, то шаҳрвандон аз хатарҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ваъдаҳои пучу дурӯғи миёнаравҳои беинсоф огоҳ бошанд.
Расонидани кумакҳои равонӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ ба шахсоне, ки аз ин ҷиноят зарар дидаанд ва фароҳам овардани шароит барои дубора вориди ҷомеа шудани онҳо яке аз мақсад ва вазифаи ҳар як аъзои Комиссия мебошад.
Имрӯз ҷинояткорон аз воситаҳои муосири технологӣ, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, ба таври густурда истифода мебаранд. Онҳо бо ниқоби «кори сердаромад дар хориҷа» ё «издивоҷи хушбахтона» ҷавонону занони моро гумроҳ мекунанд. Аз ин рӯ, ҳушёрии сиёсӣ ва зиракии ҳар як падару модар дар ин раванд нақши калидӣ дорад. Мо набояд иҷозат диҳем, ки фарзандони мо ба мол ва субъекти тиҷоратии ҷиноятпешагон табдил ёбанд.
Мубориза бо савдои одамон на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бедордил аст. Бетарафӣ нисбат ба тақдири ҳамсоя, хешованд ё ҳамдеҳа метавонад боиси фоҷиаи ҷуброннопазир гардад.
Муқовимат ба савдои одамон ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва мутамаддин мебошад. Мо вазифадорем, ки бо истифода аз имкониятҳои идоракунии давлатӣ ва такя ба заминаҳои илмии пешгирии ҷинояткорӣ, фазоеро эҷод намоем, ки волоияти қонун таъмин гардад ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҳифз карда шаванд. Мо танҳо бо иттиҳод ва иродаи қавӣ метавонем ин вабои асрро аз ҷомеаи худ решакан намуда, барои насли оянда муҳити солим ва амнро ба мерос гузорем.
Татбиқи бомуваффақияти Стратегияи миллии муқовимат ба савдои одамон аз масъулияти баланди сиёсӣ, касбият ва садоқати ҳар як хизматчии давлатӣ вобаста аст. Мо бо боварии комил изҳор медорем, ки тавассути муносибати бо низом ва иродаи қавии сиёсӣ, амнияти инсонӣ ва манфиатҳои миллии кишварро аз ин таҳдиди глобалӣ ҳифз хоҳем кард.
ДИЛРАБО РАҲИМӢ
Муовини Раиси ноҳияи Спитамен,
Раиси комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон дар ноҳияи Спитамен