Покупка и продажа людей — это концепция, чуждая человеческому разуму.

14 Мая 2026, Четверг

Харидуфурӯши одамон шакли муосири ғуломдорӣ маҳсуб ёфта, дар он инсонҳо тавассути фиреб, зӯроварӣ ё таҳдид ба истисмор гирифтор мешаванд. Он метавонад шаклҳои гуногун дошта бошад: меҳнати иҷборӣ, истисмори ҷинсӣ, ҷалби кӯдакон ба корҳои хатарнок ва ҳатто фурӯши узвҳои инсон, ки барои хиради инсон бегона ҳастанд фаро мегирад. Одамрабоӣ бошад, яке аз воситаҳои асосии амалӣ намудани чунин ҷиноятҳо мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёд дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон дар самти ҷилавгирӣ ва мубориза бо савдои одамон ва дигар зуҳуроти номатлуб тадбирҳои муассир меандешад.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд ва онро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Ин аст, ки аз ҷониби Парлумони Тоҷикистон соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» Бо мақсади иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидакни кӯмак ба қурбониёни савдои одамон», Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2027, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2025, № 403 тасдиқ карда шудааст, ки масъалаҳои гуногуни муқовимати давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатиро ба танзим дароварда, он сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо савдои одамонро муайян менамояд.
Қабули ин санадҳо бозгӯи он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандони мамлакат таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир менамоянд ва намегузоранд, ки гурӯҳҳои ҷиноятпешаи муташаккил ва одамрабоёну одамфурӯшон ҳадафҳои нопоки худро дар ҷомеа амалӣ намоянд. Бо мақсади фаҳмонда додани омилҳои даҳшатбори ин падидаи номатлуб барои сокнинони Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва таъсири он ба ҳаёти осоиштаи мардум моҳи марти соли 2026 дар театри вилоятӣ ба номи М.Назаров бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- лейтенанти милитсия, ҳамзамон Раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид, ки дар он мутахассисон ва коршиносони гуруҳи кории Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёиён, ходимони дин, маорифу тандурустӣ, аъзои шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, фаъолон ва намояндагони воситаи ахбори омма ширкат варзиданд.Дар ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон зикр гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун ҷузви ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд афзалияти аввалинараҷа дорад, аз ҷумла, тибқи қонунгузории амалкунанда ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ ба ҳаёт, манзил, таҳсил, меҳнат, истироҳат, дахлнопазирӣ, озодии сухан, оиладор шудан, ҳифзи саломатӣ, таъмини иҷтимоӣ, кафолати ҳифзи судӣ, иштирок дар ҳаёти сиёсиву фарҳангӣ дорад, ки давлат ба он кафолат дода, баҳри татбиқи он масъулияти мақомоти давлатиро пурзур намудааст. Дар ҷаҳоне, ки фазояш зудтағйирёбандаасту ҳамарӯза дар гушае аз он амалҳои ғайриқонуниву ғайриинсонӣ рух медиҳад, дар ин масир ҳифз намудани давлату миллат аз ҳар гуна хатарҳои геаполитикӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд масъулияти басо сангину пурифтихор аст.Ҳамин аст, дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои конститутсионӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки ҳадафи онҳо мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ, танзими ҳуқуқии паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва давлат мебошанд, қабул гардидаанд.Асри 21 имрӯз дар баробари шиддат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ, чун замони афзоиши хатарҳои гуногуни умумибашарӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, савдои одамон ва як қатор дигар ҷараёнҳои халалдоркунандаи осоиштагӣ идома доранд. Дар ин марҳила, гӯруҳҳое фаъоланд, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ ва дигар воситаҳо имрӯз низ идеяҳои ҷинояткоронаро бо роҳи фирефтасозӣ дар афкори мардум ҷой доданӣ мешаванд. Маҳз, дониши баланди сиёсӣ, маърифати ҳукуқӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва огоҳ будан аз равандҳои ҷаҳонӣ, ки дар маҷмуъ зиракии сиёсӣ мебахшад, метавонад хатари ба доми ҳар гуна идеяҳои номатлуб афтоданро коҳиш диҳад.Дар раванди имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, ки ҳама гуна андешаву идеология метавонад ба ҳаёти ҳар фард таъсири манфӣ расонад, танҳо бо такя ба имконоту иқтидори давлат ва иродаи мустаҳками мардум, метавон пеши ҷараёнҳои номатлуб ва амалӣ шудани нақшаҳои нопоки гурӯҳҳои ҷиноятпешаро гирифт.
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Ниятбекзода Ғ. Ю

Поделиться в