Торговля людьми – это чума века и опасность для общества.
13 Мая 2026, Среда
САВДОИ ОДАМОН – ИН ВАБОИ АСР ВА ХАТАР БА ҶОМЕА
Раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дар мавзӯи муқовимат ба савдои одамон мулоқоту вохӯриҳои судманд дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор намуда, баҳри пешгирӣ намудани ин амал, ки ҷиноят ба ҳисоб меравад, чораҳои зарурӣ роҳандозӣ намуда истодаанд.
Дар ҷаҳони муосир, ки инсоният ба пешрафтҳои азими илму техника ва иттилоот ноил гардидааст, ҳанӯз ҳам падидаҳое вуҷуд доранд, ки ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи инсонро поймол менамоянд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки вабои аср ва хатар ба ҷомеа аст, ин савдои одам мебошад. Савдои одам чист? Савдои одам ин ҷиноят аст, ҷинояти вазнин ва солҳои охир дар раддабандии арсаи байналмилалӣ ҷойи аввалро соҳиб шудааст. Ҳатто аз ҷиноятҳои муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи нашъадор ва экстремизму терроризм пеш гузаштааст. Ин ҷиноят дар аксари кишварҳо паҳн шудааст ва агар таърихро варақ занем, бархе аз шаклҳои он моро ба шакли сохтори давлатдории ғуломдорӣ мебарад, ки дар ҷаҳони муосир бо шаклу усулҳои нав зуҳур карда истодааст. Савдои одам танҳо харидуфурӯши инсон нест, балки аз озодӣ маҳрум сохтани инсон, поймол намудани ҳуқуқу озодиҳои ӯ, истисмори меҳнат ва истисмори шаҳвонӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон дар самти ҷилавгирӣ ва мубориза бо савдои одамон ва дигар зуҳуроти номатлуб тадбирҳои муассир меандешад.
Дар моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд ва онро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”. Ин аст, ки аз ҷониби Парлумони Тоҷикистон соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” ва соли 2016 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018” қабул гардид. Қабули ин санадҳо бозгӯи он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмин ва ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандони мамлакат таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир менамоянд. Ва намегузоранд, ки гурӯҳҳои ҷиноятпешаи муташаккил ва одамрабоёну одамфурӯшон ҳадафҳои нопоки худро амалӣ намоянд.
Савдои одамон дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои доғи рӯз маҳсуб ёфта, ҳамарӯза дар дунё, бахусус дар кишварҳои ҷангзада ва суботашон ноустувор ҳазорон нафар одамони бегуноҳ, хусусан занону кӯдакон, дучори ин ҷинояти вазнин ва амалу кирдорҳои ҷинояткоронаи гурӯҳҳои муташаккил бо савдои одамон мегарданд.
Имрӯзҳо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо истифода аз мушкилоти иқтисодӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ ва соддагии баъзе шаҳрвандон одамонро фиреб ва ба доми истисмор мекашанд. Ба давлатҳои ҷангзада ва дигар давлатҳо бо роҳи фиреб ва ваъдаҳои маоши баланд даъват намуда, барои манфиати шахсии худ одамро мефурӯшанд, ки дар натиҷа одам қурбонии савдои одамон мегардад.
Дар асоси омори Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, ҳамасола дар ҷаҳон ҳудуди 4 миллион нафар одамон қурбонии ҷинояти савдои одамон мегарданд, ки ин вазъи ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.
Савдои одам яке аз сердаромадтарин ҷиноятҳои фаромиллӣ ба ҳисоб меравад, ки гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ барои манфиати худ ҳатто ҷони инсонро ҳамчун воситаи тиҷорат мебинанд. Вақте инсон барои пешбурди зиндагии хуб талош мекунад, метавонад ба ҳар гуна ваъдаҳои дурӯғин ба монанди “кори сердаромад”, “таҳсил дар хориҷи кишвар” ва дигар пешниҳодҳои шубҳанок бовар намояд. Ҷинояткорон маҳз аз ҳамин ҳолати соддагӣ, равонӣ ва дар сатҳи паст қарор доштани маърифати ҳуқуқии одамон истифода бурда, одамонро ба кишварҳои дигар мебаранд ва дар он ҷойҳо ҳуҷҷатҳояшонро гирифта маҷбур месозанд, ки дар сохтмонҳо, хоҷагиҳои фермерӣ ё дигар корхонаҳо соатҳои тӯлонӣ бемузд ва ё музди ночиз кор кунанд. Занонро барои танфурӯшӣ, ки яке аз шаклҳои паҳншудаи савдои одам — истисмори ҷинсӣ мебошад, месупоранд.
Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон Созмони Милали Муттаҳид санадҳои марбута, аз қабили созишномаву конвенсия ва тавсияҳои гуногунсатҳу гуногунмазмунро ба тасвиб расонидааст, ки онҳо ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсонҳо дар сайёра нигаронида шудаанд.
Афзоиши зуҳуроти номатлуби савдои одамон боиси поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва паст гардидани нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми солҳои охир бархе нафарон ва гурӯҳҳои манфиатхоҳ бо ҳар роҳу восита, аз ҷумла таҳқиру зӯроварӣ, зулму ситам, истисмор ё фиреб ҳуқуқҳои шаҳрвандонро поймол менамоянд.
Бояд тазаккур дод, одамрабоӣ ё савдои одамон амалест, ки дар он шахс бо зӯрӣ, таҳдид, фиреб ё маҷбуркунӣ аз ҷойи будубоши худ бар хилофи иродааш бурда мешавад. Ин ҷинояти вазнин ба шумор рафта, дар ҳамаи кишварҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷазо пешбинӣ гардидааст, ки аз вазнинтарин ҷиноятҳои ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад ва ҳуқуқи асосии инсон — ҳуқуқ ба озодӣ ва амниятро вайрон мекунад. Дар ҷаҳони муосир ин амал бештар ба баҳсҳои шахсӣ, ҷиноятҳои муташаккил ва савдои одамон рабт дорад.
Системаи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои давлатӣ, инчунин ташкилотҳои ғайридавлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандон оид ба огоҳонидан, ошкор намудан ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон, бартарафсозии оқибатҳои иҷтимоии онҳо, оид ба расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамонро дар бар мегирад.
Оқибатҳои савдои одамон бисёр вазнинанд. Қурбониён баъди раҳоӣ низ муддати дароз аз ҷиҳати равонӣ азоб мекашанд. Эътимоди худро ба ҷомеа гум мекунанд, ба депрессия гирифтор мешаванд ва наметавонанд ба зиндагии муқаррарии худ баргарданд.
Савдои одамон ба ҷомеа низ таъсири манфӣ мерасонад. Боиси афзоиши ҷинояткорӣ, носолим шудани арзишҳои ахлоқӣ ва коҳиш ёфтани эътимоди мардум ба амнияти кишвар мегардад.
Мубориза бо савдои одамон танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин раванд тамоми аҳли ҷомеа бояд фаъол бошад. Барои пешгирии он пеш аз ҳама бояд маърифати ҳуқуқии одамонро баланд бардоштан зарур аст. Корҳои ташвиқотию таблиғотиро дар ҷойҳо, маҳаллаҳо ҷоннок намуда, ба мардум фаҳмонидан лозим аст, ки ҳангоми сафар ба хориҷ ё қабули пешниҳоди корӣ аз роҳҳои расмӣ истифода баранд. Тафтиши ҳуҷҷатҳо, шартномаи меҳнатӣ ва эътибори расмии ширкатҳо, одамонро аз бисёр хатарҳо эмин нигоҳ медорад.
Савдои одам доғи сиёҳ аст, ки он арзиши инсонро паст зада, ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи ӯро аз байн мебарад. Мубориза бо ин ҷинояти хатарнок, ки вабои аср ба ҳисоб меравад, танҳо дар сурати ҳамкории давлат, ҷомеа ва ҳар як фарди кишвар самар медиҳад. Бояд дарк намоем, ки инсон дорои арзиши олӣ аст ва ҳифзи ҳуқуқу озодии ӯ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеаи солим мебошад. Танҳо бо дониши баланд, ҳушёриву зиракӣ, дар сатҳи зарурӣ қарор доштани маърифати ҳуқуқӣ метавонем пеши роҳи ин вабои асрро бигирем.
Подполковники милитсия Аминзода Ҳабибуллоҳ Саидмурод,
сардори Шуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хизматрасонии деҳоти Ворухи шаҳри Исфара.