НИКТО НЕ ДОЛЖЕН ПОДВЕРГАТЬСЯ ПЫТКАМ, НЕГУМАННЫМ НАКАЗАНИЯМ ИЛИ ИЗДЕВАТЕЛЬСТВАМ.
12 Мая 2026, Вторник
Дар ҷаҳони муосир ягона ҷинояте, ки раддабандӣ ва аз рӯйи он ба низоми давлатдорӣ баҳо дода мешавад ин ҷинояти савдои одамон мебошад. Дар сатҳи ҷаҳонӣ ин қабил ҷиноятҳо бо назардошти таъсиргузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ҷиноятҳои дараҷаи хавфнокиашон вазнин ва махсусан вазнин эътироф шудаанд. Мусаллам аст, ки савдои одамон бо шаклу намудҳое ба мисли меҳнати маҷбурӣ, истисмори шаҳвонӣ, истисмори иқтисодӣ, хизматрасониҳои маҷбурӣ ба миён омада, объекти ингуна ҷиноятҳо озодии шахсии инсон мебошад. Бо истифода аз таҳқиру зӯроварӣ, зулму ситам, истисмор ё фиреб, инсон ашёи хариду фурӯш ва аҳд мегардад, ки дар ин замина ҳуқуқу озодиаш поймол мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад ва ин меъёр дар моддаи 18 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам шудааст: - “Ҳар кас ҳуқуқ ба ҳаёт дорад. Ҳеҷ кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин. Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад. Мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ ва илмӣ қарор додани инсон манъ аст”. Ин меъёри Конститутсия барои ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон мавқеи намоён дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон аҳамияти авалиндараҷа дода тибқи меъёри конститутсионӣ, арзиши олӣ доштани ҳуқуқи инсонро эътироф менамояд.
Албатта Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муқовимат ба савдои одамон муборизаи беамон бурда ба ҳаргуна шаклҳои поймолшавии ҳуқуқ ва озодии инсон дар дохил ва хориҷи кишвар вокуниш нишон медиҳад.
Кишвари азизи мо ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон аҳамияти авалиндараҷа дода, тибқи меъёрҳои конститутсионӣ арзиши олӣ доштани ҳуқуқи инсонро эътироф менамояд.
Тибқи қонунгузорӣ, одамрабоӣ ё хариду фурӯши одам ва ё нисбат ба ӯ анҷом додани дигар аҳдҳои ғайриқонунӣ, ҳамчунин, новобаста ба розигии қурбонӣ бо мақсади истисмори ӯ ё бо дигар тарз гирифтани фоидаи ғайриқонунӣ пешниҳод намудан, ҷалб кардан, интиқол, пинҳон кардан, супоридан ё гирифтани одам бо истифодаи маҷбуркунӣ, рабудан, фиреб, суиистифода намудани гунаҳкор аз вазъи хизматии худ, суиистифода аз боварӣ ё ҳолати оҷизии қурбонии савдои одамон ва ё ришвадиҳӣ ба шахсе, ки қурбонӣ таҳти вобастагии ӯ қарор дорад манъ аст.
Низоми муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои давлатӣ, инчунин, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандон оид ба огоҳонидан, ошкор намудан ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон, бартарафсозии оқибатҳои иҷтимоии онҳо, оид ба расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамонро дар бар мегирад.
Ин зуҳурот на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон вуҷуд дорад ва бояд ҳар яки мо аз он огоҳ шавем.
Чунки ҷинояткорон бо роҳҳои ҳилаю найранг, таҳдид, зӯроварӣ одамонро ба доми фиреб гирифтор карда, онҳоро ба сифати ғулом истифода мебаранд. Ва аз ин амалҳои ғайриқонунӣ ва ғайриинсонӣ ҷинояткорон маблағҳои калон ба даст меоваранд.
Дар инҷо мехоҳам вобаста ба бархе аз самтҳо ва мафҳумҳои марбут ба саводои одамон маълумот пешниҳод намоям. Пеш аз ҳама мо бояд ба саволе посух дода тавонем, ки савдои одамон чист?
Савдои одамон маънои ҷалб, интиқол, пинҳон кардан ё қабул кардани одамонро дорад бо роҳи истифодаи таҳдид, зӯроварӣ, фиреб, ё дигар шаклҳои маҷбуркунӣ, ё ба истифода бурдани ҳолати осебпазир, ё ба додан ё қабули пул ё манфиатҳо барои ба даст овардани розигии шахсе, ки бар шахси дигар назорат дорад, бо мақсади истисмор.
Яъне савдои одамон – ин истисмори одамон барои ба даст овардани фоида мебошад.
Истисмор дар савдои одамон маънои истифодаи маҷбурӣ ё фиребгаронаи инсонро барои ба даст овардани фоидаи дигарон дорад. Ин амал ҳуқуқи инсонро поймол мекунад ва ҷинояти вазнин ба ҳисоб меравад.
Хулоса ҳамин аст, ки савдои одамон:
- ҳамеша бо фиреб, зӯроварӣ ё маҷбуркунӣ вобаста аст;
- шаъну шарафи инсонро поймол мекунад;
- зидди қонун ва арзишҳои инсонӣ мебошад.
Дар ин ҷо саволе пеш меояд, ки қочоқи инсон чист?
Дар умум ғайриқонунӣ интиқол додани одамон, яъне одамро аз як минтақа ба минтақаи дигар, аз ҳудуди як давлат ба ҳудуди давлати дигар бурдан аст.
Ғайриқонунӣ интиқол додани одамон ин аст, ки шахс ё гурӯҳи шахсон барои гирифтани манфиати моддӣ ё манфиати дигар, ба таври ғайриқонунӣ вуруд ё убури шахсро аз сарҳади давлатӣ ташкил менамояд, ё мусоидат мекунанд.
Фарқи асосии қочок аз савдои одамон:
- дар ҳолати ғайриқонунӣ интиқол додани одамон (яъне, ҳангоми қочоқи одамон), шахс одатан ихтиёран розӣ мешавад, ки ба таври ғайриқонунӣ аз сарҳад гузарад. Дар савдои одамон, қурбонӣ метавонад маҷбур карда шавад, фиреб дода шавад ва баъдан истисмор карда шавад.
Боиси зикр аст, ки 26 июли соли 2014, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” қабул гардида, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба савдои одамон, системаи чораҳо оид ба ҳифз, расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва тавонбахшии онҳоро муқаррар карда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон танзим менамояд.
Бо мақсади амалигардонии Қонуни мазкур қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 2025, №403 “Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар вилоят барои солҳои 2025 – 2027” ба тасвиб расида, баргузории мулоқоти имрӯза низ дар ин замина сурат мегирад.
Дар кишвари азизамон зери роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Абдураҳмон Аламшозода Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон амал намуда, дар заминаи баргузории машварати корӣ, ки 12 феврали соли 2026 дар вилояти Суғд баргузор гардид дар шаҳри Бӯстон як қатор тадбирҳо роҳандозӣ гардида истодааст. Баргузории ҷаласаи Комиссияи ҳудудии муқовимат ба савдои одамон дар шаҳр, мулоқоту суҳбатҳо бо аҳолӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр, таҳия ва дастраскунии варақаҳои иттилоотӣ ва дигар тадбирҳо шаҳодати гуфтаҳои болоист.
Боварии комил дорем, ки бо такя ба тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати амалигардонии муқаррароти қонунгузории кишвар ва нақшаву барномаҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон мардуми шарифи Тоҷикистон хулосаҳои дахлдор бардошта, барои пешгирии ин ҷинояти мудҳиш, ки обрӯ ва нуфузи давлатро дар арсаи байналмилалӣ паст мегардонад, муборизаи дастаҷамъона хоҳем бурд.
УМЕДҶОН СОЛИЗОДА,
сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон