БОРЬБА С ТОРГОВЛЕЙ ЛЮДЬМИ — ГАРАНТИЯ ЗАЩИТЫ ПРАВ И СВОБОД ЧЕЛОВЕКА
12 Мая 2026, Вторник
Имруз савдои одамон яке аз хатарҳои ҷиддии ҷаҳони муосир ба шумор меравад. Ин ҷинояти фаромиллӣ ба арзишҳои олии инсонӣ – озодӣ, шаъну шараф ва дигар ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ таҳдид мекунад.
Савдои одамон яке аз ҷиноятҳои вазнин ва хатарноктарини асри муосир ба ҳисоб рафта, ба амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсири манфӣ мерасонад. Ин падида ҳамчун шакли муосири ғуломдорӣ арзёбӣ гардида, бо истифодаи зӯроварӣ, фиреб ва таҳдид инсонҳоро ба истисмор ҷалб менамояд.
Дар ин самт, нақши мақомоти корҳои дохилӣ хеле муҳим ва калидӣ мебошад. Мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун субъекти асосии ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки пешгирӣ, ошкор ва тафтиши ҷиноятҳои марбут ба савдои одамонро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ — ин пешгирии савдои одамон мебошад. Бо мақсади коҳиш додани хавфи гирифторшавии шаҳрвандон ба ин ҷиноят, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва огоҳ намудани онҳо аз роҳу усулҳои фиреби ҷинояткорон аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамзамон, мақомоти корҳои дохилӣ бояд фаъолияти ҷустуҷӯӣ-оперативиро тақвият дода, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятиро, ки ба савдои одамон машғуланд, сари вақт ошкор ва безарар гардонанд. Дар ин раванд истифодаи усулҳои муосири таҳқиқотӣ ва ҳамкории байниидоравӣ нақши муҳим мебозад.
Яке аз вазифаҳои муҳим — таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии қурбониёни савдои одамон мебошад. Ба онҳо бояд кӯмаки ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва равонӣ расонида шавад, то ки онҳо ба ҳаёти муқаррарӣ баргарданд ва аз таъсири манфии ин ҷиноят раҳо ёбанд.
Илова бар ин, ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди савдои одамон зарур мебошад. Аз ин лиҳоз, мақомоти корҳои дохилӣ бо ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои дигар ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкории зичро ба роҳ мондаанд, зеро ин ҷиноят аксаран хусусияти фаромиллӣ дорад.
Дар хулоса метавон гуфт, ки мубориза бар зидди савдои одамон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ба шумор меравад. Танҳо тавассути чораҳои мукаммали пешгирикунанда, ошкорсозӣ ва ҳамкории самаранок метавон сатҳи ин ҷиноятро коҳиш дод ва амнияти ҷомеаро таъмин намуд.
Бояд қайд кард, ки пешгирӣ аз чунин амалҳои номатлуб вазифаи ҳар як фарди миллат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, мо дар ҳамкории якҷоя бо қишрҳои ҷомеа набояд ба чунин амалҳои ғайриқонунӣ беаҳамиятӣ зоҳир намоем, балки дар ҳамкории судманд барои пешгирии чунин кирдорҳои ҷинояткорона саҳм гузорем. Зеро дар ҳамкорӣ мо метавонем ҳаёти на танҳо як нафар, балки ҳазорон нафар қурбониёни чунин амалҳои ҷинояткоронаро аз зулмат наҷот диҳем.
Бо боварии комил гуфта метавонем, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд, новобаста аз ҷинс, миллат ва нажод, аз тамоми зулму ситами гурӯҳҳои ҷинояткору ҷиноятпеша раҳо ёфта, чунин амалҳои номатлубро решакан хоҳем кард. Зеро ҳаёти ҳар як инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ дошта, ҳеҷ кас ҳуқуқи ба он дахолат карданро надорад.
Савдои одамон ҷинояти ғайриинсонӣ аст. Мубориза бо он танҳо бо талоши ҳамбастаи давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванди мамлакат имконпазир мебошад. Пешгирӣ, ошкорсозӣ, ҷазо додани ҷинояткорон ва ҳимояи қурбониён бояд ҳамеша дар мадди аввал бошад.
Танҳо бо масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳамкории самараноки сохторҳо метавонем аз ин таҳдиди ҷаҳонӣ эмин монда, ҷомеаи озоду адолатпеша бунёд намоем.
Сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен — полковники милитсия Содиқзода Ҳотамшоҳ Ҷаббор.