ТОРГОВЛЯ ЛЮДЬМИ: КОММЕРЦИАЛИЗАЦИЯ ЛЮДЕЙ В МЕРАХ ПО БОРЬБЕ С ТЕРРОРИЗМОМ И ЕЕ ВЛИЯНИЕ НА РЫНОК ТРУДА

12 Мая 2026, Вторник

Савдои одамон дар замони муосир ба яке аз мушкилоти мураккаби ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки дар бахшбандии иқтисод, амният ва ҳуқуқи инсон қарор дорад. Он дигар танҳо як ҷинояти алоҳида нест, балки як низоми муташаккили фаромиллӣ мебошад, ки дар он гурӯҳҳои ҷиноятӣ, экстремистию террористӣ ва ҳатто, баъзе сохторҳои иқтисодӣ, аз ҷумла ширкатҳои бозори меҳнат, метавонанд нақш дошта бошанд. Ин падида дар асоси талабот ба меҳнати арзон ва истисмори инсон рушд мекунад ва то даме ки ин талабот вуҷуд дорад, он низ боқӣ мемонад.
Дар солҳои охир гурӯҳҳои террористӣ савдои одамонро ба як воситаи муҳимми маблағгузорӣ ва идоракунӣ табдил додаанд. Масалан, ташкилотҳо дар минтақаҳои ҷангӣ занону кӯдаконро ба ғуломӣ гирифта, онҳоро мефурӯхтанд, ё барои мақсадҳои нопоки худ истифода мебурданд. Ин амалҳо на танҳо барои ба даст овардани маблағ, балки барои паҳн кардани ваҳму тарс ва нигоҳ доштани назорати қисмате аз аҳолӣ хизмат мекарданд. Ғайр аз ин, чунин гурӯҳҳо ҷавононро бо ваъдаҳои бардурӯғ ё таҳдид ба фаъолияти худ ҷалб намуда, онҳоро ба як қисми механизми ҷиноятӣ табдил медиҳанд. Дар шароити ҷанг ва бесуботӣ, ки назорати давлатҳо заиф мегардад, имкониятҳои чунин гурӯҳҳо барои истифодаи одамони осебпазир бештар мешаванд.
Дар баробари ин, ширкатҳои бозори меҳнат низ дар ин раванд нақши муҳим доранд. Онҳо метавонанд ҳам воситаи ҳифзи ҳуқуқи коргарон бошанд ва ҳам, дар ҳолати набудани назорати кофӣ, ба як ҳалқаи занҷири савдои одамон табдил ёбанд. Ширкатҳои масъул ба шаҳрвандон ҷойи кори қонунӣ пешниҳод намуда, шартномаҳои шаффоф мебанданд ва ба муҳоҷирон дар масъалаҳои ҳуқуқӣ кӯмак мерасонанд. Аммо баъзе агентиҳо бо додани маълумоти бардурӯғ, талаб кардани маблағҳои баланд ва ё мусодираи ҳуҷҷатҳо одамонро ба ҳолати вобастагӣ меоранд. Ин вобастагӣ аксар вақт бо қарз оғоз шуда, ба меҳнати маҷбурӣ ё дигар шаклҳои истисмор анҷом меёбад. Бо вуҷуди мавҷудияти меъёрҳои байналмилалӣ, аз ҷумла тавсияҳои Созмони Байналмилалии Меҳнат на ҳамаи ширкатҳо онҳоро риоя мекунанд, ки ин вазъиятро боз ҳам мушкилтар мегардонад.
Яке аз паҳлуҳои ниҳоят хатарноки ин ҷиноят пайванди узвҳо (трансплантатсия) мебошад, ки дар он инсон на танҳо ҳамчун коргар ё объекти истисмори ҷинсӣ, балки ҳамчун манбаи узв истифода мешавад. Ин шакл бештар дар шароити мавҷудияти талаботи баланд ба узвҳои инсон ва камбуди донорҳои қонунӣ ба вуҷуд меояд, ки дар натиҷа бозори ғайриқонунии узвҳо рушд мекунад. Қурбониён аксар вақт бо фиреб, ваъдаи кор, муҳоҷират ё кӯмаки молиявӣ ҷалб шуда, баъдан ба шабакаҳои ҷиноятӣ афтода, маҷбур ё бо зӯрӣ ба гирифтани узвҳо дучор мегарданд.
Ин раванд одатан аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ идора мешавад, ки миёнаравҳо, табибони ғайриқонунӣ ва харидорони сарватмандро дар бар мегиранд. Хусусияти хатарноки он дар он аст, ки амалиёт пинҳонӣ сурат гирифта, ошкор кардани он хеле душвор мебошад ва дар бисёр ҳолатҳо ба маъюбияти доимӣ ё марги қурбонӣ оварда мерасонад.
Таҳлил нишон медиҳад, ки байни гурӯҳҳои террористӣ, шабакаҳои ҷиноятӣ ва баъзе миёнаравҳои бозори меҳнат робитаи пинҳонӣ вуҷуд дорад. Гурӯҳҳои террористӣ метавонанд аз каналҳои мавҷудаи ҷиноятӣ истифода баранд, дар ҳоле ки баъзе миёнаравҳо бо истифода аз шакли қонунӣ фаъолияти худро пинҳон мекунанд. Ҳамин тавр, савдои одамон ба як системаи мураккаб табдил меёбад, ки дар он манфиатҳои иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва сиёсӣ ба ҳам мепайванданд.
Дар чунин шароит, танҳо як равиши маҷмӯӣ метавонад самаранок бошад. Ин равиш пеш аз ҳама, назорати қатъии фаъолияти ширкатҳои бозори меҳнат, мубориза бо маблағгузории терроризм ва баланд бардоштани огоҳии аҳолиро дар бар гирад. Ҳамчунин, ҳимоя ва барқарорсозии қурбониён бояд яке аз самтҳои асосӣ бошад, то онҳо дубора ба ҳамин давраи истисмор барнагарданд.
Дар маҷмӯъ, савдои одамон на танҳо ҷиноят, балки натиҷаи мушкилоти амиқи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ мебошад. Гурӯҳҳои террористӣ онро ҳамчун манбаи даромад ва воситаи идоракунӣ истифода мебаранд, дар ҳоле ки баъзе ширкатҳои бозори меҳнат метавонанд ба таври мустақим ё ғайримустақим ба ин раванд мусоидат намоянд.
Фурқати Ҳукумат, муовини раиси
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
 
 
 
 

Поделиться в