Савдои одамон — ин танҳо як ҷиноят нест. Ин фоҷиаест, ки инсонро аз озодӣ, шаъну шараф ва ҳатто аз умед ба зиндагӣ маҳрум месозад. Имрӯз ин падида ба як хатари ҷиддии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Гуруҳҳои ҷинояткор бо фиребу найранг, бо ваъдаҳои дурӯғини “зиндагии беҳтар”, пеш аз ҳама ҷавонон ва занонро ба доми худ мекашанд. Онҳо орзуҳоро медузданд, тақдирҳоро мешикананд ва инсонро ба василаи манфиат табдил медиҳанд. Бояд равшан дарк кунем: ҳеҷ коре, ки бе шартнома, бе кафолат ва бо ваъдаҳои “осон” пешниҳод мешавад, бехатар нест.
Вақте ки сухан дар бораи савдои одам меравад, набояд танҳо ба омори хушк такя кунем. Дар паси ҳар як адад — кӯдаке ҳаст, ки аз оғӯши модар ҷудо шудааст; зане ҳаст, ки орзуҳояш ба бозор бароварда шудаанд ва марде ҳаст, ки нерӯи ҷисмонияш бераҳмона истисмор мешавад.
Ҷинояткорон аз ноогоҳӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва умеди одамон ба зиндагии беҳтар истифода мебаранд. Онҳо на танҳо ҷисм, балки ирода ва озодии инсонро ба моли тиҷоратӣ табдил медиҳанд.
Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ба таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, такмили механизмҳои институтсионалӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ равона гардидааст. Қабули барномаҳои миллӣ, тақвияти фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ҳамчун унсурҳои асосии мубориза бо ин зуҳурот муайян шудаанд. Дар баробари ин, таҷриба нишон медиҳад, ки танҳо чораҳои ҳуқуқӣ кофӣ нестанд. Зарурати татбиқи равишҳои фарогир, аз ҷумла пешгирии иҷтимоӣ, рушди имкониятҳои иқтисодӣ ва таъмини ҳифзи ҳамаҷонибаи қурбониён ба миён меояд. Ҷомеа бояд на танҳо ба муқовимат, балки ба пешгирии аслии ин падида равона гардад.
Ҳамин аст, ки дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои конститутсионӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ҳадафи онҳо мустаҳкам намудани рукунҳои давлатдорӣ, танзими ҳуқуқии паҳлуҳои гунонгуни ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва давлат мебошанд, қабул гардидаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аввалин Конститутсияи дар давраи соҳибихтиёрӣ қабулкардааш инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намудааст, зеро фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳз ба таъмини риояи ин арзишҳои олӣ нигаронида шудаанд.
Нақши ҷавонон дар ин раванд махсусан муҳим арзёбӣ мегардад. Онҳо бояд ҳамчун нерӯи созанда, бо ҳисси баланди масъулият ва зиракии шаҳрвандӣ, дар самти пешгирии савдои одамон фаъолона иштирок намоянд ва муҳити иттилоотиро аз таъсири омилҳои хатарнок ҳифз кунанд. Имрӯз зарур аст, ки ҳамкории байнисоҳавӣ ва байниидоравӣ тақвият дода шуда, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба сатҳи сифатан нав бардошта шавад. Танҳо дар ин сурат мо метавонем ба коҳиши устувори ин ҷинояти фаромиллӣ ноил гардем. Мо бояд сатҳи огоҳии ҷомеаро чунон баланд бардорем, ки ягон фиребу ваъдаи дурӯғини «кори сердаромад дар хориҷа» кор накунад.
Шахсоне, ки аз ин ҷиноят зарар дидаанд, набояд ҳамчун ҷинояткор ё гунаҳкор дида шаванд. Онҳо ба дастгирии равонӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ ниёз доранд. Таъқиби ҷинояткорон Қонун бояд нисбати тоҷирони марг бераҳм бошад. Ҳеҷ кас набояд аз ҷавобгарӣ дур монад.
Дар замони мо савдои одам шакли нави «рақамӣ» гирифтааст. Шабакаҳои иҷтимоӣ ба майдони шикори ҷинояткорон табдил ёфтаанд. Аммо мо метавонем технологияро бар зидди худи онҳо истифода барем. Таҳлили додаҳо, зеҳни сунъӣ ва назорати қатъии фазои маҷозӣ метавонанд дар ошкор кардани шабакаҳои ҷиноӣ кӯмаки калон расонанд. Мубориза бо савдои одам танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Ин вазифаи ҳар як узви ҷомеа аст. Мо бояд:- Ба тақдири ҳамсоя, дӯст ва ҳамшаҳрии худ бетараф набошем. Ҳамкории байналмилалиро пурзӯр намоем, зеро ҷинояткорӣ сарҳад надорад.
Дар фарҷом мехоҳам як нуктаи ҳаётиро таъкид намоям: ҷаҳони мо бо деворҳои баланд ё силоҳҳои муқтадир ҳифз намешавад, балки бо инсондӯстӣ ва масъулиятшиносии ҳар яки мо пойдор аст.
Савдои одам танҳо ҷиноят ба зидди як шахс нест — ин ҷиноят ба зидди виҷдони башарият аст. Мо наметавонем дар асри технологияҳои кайҳонӣ зиндагӣ кунему ҳамзамон бо мавҷудияти «бозорҳои ғуломӣ» дар шаклҳои муосираш созиш кунем. Биёед, фаромӯш накунем: бетарафӣ — ин бешарафи аст, ҳамдастӣ бо ҷинояткор аст. Хомӯшии мо барои тоҷирони марг имконият месозад, аммо садои баланди мо, огоҳии мо ва иттиҳоди мо метавонад ҳазорон тақдирро аз зулмот наҷот диҳад.
Мо боварӣ дорем, ки бо иродаи қавӣ ва ҳамкории дастҷамъона мо метавонем ҷомеаеро бино кунем, ки дар он калимаи «ғуломӣ» танҳо дар саҳифаҳои сиёҳи таърих боқӣ бимонад ва ҳар як фард, новобаста аз макону миллат, дар фазои озодӣ, адолат ва шарафи инсонӣ нафас бикашад. Зеро инсон барои озод будан ба ин дунё омадааст ва ҳеҷ кас ҳақ надорад ин озодиро ба савдо гузорад!