Торговля людьми — самое опасное преступление своего времени.

08 Мая 2026, Пятница

Дар ҷаҳони муосир яке аз ҷиноятҳои вазнин ва ташвишовари ҷомеаи башарӣ савдои одамон ба ҳисоб меравад. Ин зуҳуроти номатлуб ҳуқуқу озодиҳои инсонро поймол намуда, ба ҳаёт, шаъну шараф ва ояндаи шаҳрвандон хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди савдои одамонро яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ меҳисобад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва таъмини амнияти ҷомеа вазифаи муқаддаси давлат ва ҳар як шаҳрванд мебошад. Маҳз бо ҳамин мақсад дар мамлакат қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул гардида, фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт тақвият дода мешавад. Савдои одамон ин ҷалб, интиқол, пинҳон намудан ё фурӯшу хариди инсон бо мақсади истисмор мебошад. Аксар вақт ҷинояткорон шаҳрвандонро бо ваъдаи кори сердаромад, муҳоҷирати осон ё зиндагии беҳтар фиреб дода, онҳоро ба корҳои маҷбурӣ, меҳнати вазнин, гадоӣ ё дигар шаклҳои истисмор ҷалб мекунанд.
Имрӯз гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ бештар мавриди фиреби ҷинояткорон қарор мегиранд. Надоштани маълумоти кофӣ, бекорӣ ва истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ аз омилҳое мебошанд, ки хатари гирифторшавӣ ба савдои одамонро зиёд мекунанд. Бо мақсади пешгирии ин ҷиноят дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани ёрӣ ба қурбониёни савдои одамон» амал мекунад. Дар ноҳияи Айнӣ низ қарори раиси ноҳия ва нақшаи миллии муқовимат бо савдои одамон дар Фумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2027 ба тавсиб расида ҳамкории худро бо мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура, суд ва дигар сохторҳои давлатӣ густариш додаанд.
Барои муборизаи самаранок бо савдои одамон баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аҳамияти калон дорад. Ҳар як шаҳрванд бояд ҳушёру зирак бошад, ба ваъдаҳои бардурӯғ бовар накунад ва ҳангоми пайдо шудани ҳолатҳои шубҳанок ба мақомоти дахлдор муроҷиат намояд.Ҳамзамон, волидон низ вазифадоранд, ки фарзандонро дар рӯҳияи худшиносӣ, эҳтиром ба қонун ва эҳтиёткорӣ тарбия намоянд. Ҷомеаи солим танҳо дар сурати ҳамкории давлат, оила ва ҷомеа метавонад бар зидди чунин зуҳуроти номатлуб мубориза барад.Савдои одамон ҷиноятест, ки сарҳад намешиносад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди он масъулияти умумии ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Танҳо бо дониш, ҳушёрӣ ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ метавонем ҷомеаро аз ин хатари ҷиддӣ эмин нигоҳ дорем.
Муовини раиси ноҳияи Айнӣ
Фарҳод Мукаррамзода
 
 
 

Поделиться в