Бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

08 Мая 2026, Пятница

Бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Қасри фарҳанги шаҳри Истиқлол
мулоқоти судманду муҳим бо сокинони шаҳр доир гардид, ки дар он намояндаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазонӣ Давлатов, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол Алиматзода Шероз Шавкат ва муовини якуми Раиси шаҳр Муқадас Аллабердиён иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғози мулоқот муовини якуми Раиси шаҳр Муқадас Аллабердиён ҳозиринро бо рӯзномаи вохӯрӣ шинос намуда, аҳамияти баррасии масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла таъмини амнияти ҷамъиятӣ, пешгирии савдои одамон, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии ҷинояткорӣ ва тақвияти ҳисси ватандӯстиро таъкид намуд.
Дар идома, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Истиқлол Алиматзода Шероз Шавкат бо истифода аз нурафкан вобаста ба ҳолати ҷинояткорӣ, роҳҳои пешгирии амалҳои номатлуб, хатари савдои одамон, пешгирии зуҳуроти зӯроварӣ дар оила, қонуншиканӣ, тақвияти ҳамкории милитсия бо аҳолӣ ва риояи қонунгузорӣ баромад намуда, аз сокинон даъват ба амал овард, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ саҳми фаъол гузоранд
Сипас, намояндаи Маркази тадқиқоти стратегӣ Рамазонӣ Давлатов доир ба вазъи сиёсиву иҷтимоии ҷаҳони муосир, хатару таҳдидҳои замони муосир, аз ҷумла экстремизм ва терроризм, андешаронӣ карда, аҳамияти зиракии сиёсӣ ва масъулияти шаҳрвандиро дар ҳифзи суботу амнияти кишвар муҳим арзёбӣ намуд. Махсусан Рамазонӣ Давлатов оид ба масъалаи эълони 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчуни соли ташкили корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат баромади пурмуҳтаво пешниҳод намуда, эҳтиром ба муқаддасоти милливу давлатиро асоси зисту фаъолияти мардум, махсусан ҷавонон таъкид кард.
Ҳамчунин дар рафти мулоқот қайд гардид, ки ҳар як шаҳрванд бояд дар муқобили таҳдидҳои иттилоотӣ ва ғояҳои бегона ҳушёр бошад.
Зимни мулоқот инчунин масъалаҳои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ иштирокчиён баргузории чунин мулоқотҳоро муҳим арзёбӣ намуда, изҳори омодагӣ карданд, ки дар таҳкими сулҳу субот ва рушди ҷомеа саҳмгузор бошанд.
Мулоқот дар фазои созандаву самимӣ баргузор гардида, ба таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ мусоидат намуд.

Поделиться в