МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

07 Мая 2026, Четверг

 

Савдои одамон яке аз вазнинтарин ҷиноятҳоимуосир буда, ки ҳуқуқу озодиҳои бунёди инсонропоймол менамояд. Ин падида на танҳо мушкилиияк шаҳрванд ё давлат, балки масъалаи глобалӣмебошад, ки тамоми кишварҳои ҷаҳонро фарогирифтааст. Бо вуҷуди рушди технология, баланд гардидани сатҳи маърифат ва қабули санадҳоибайналмилалӣ, савдои одамон то ҳол ҳамчунтиҷорати пинҳонии сердаромад боқӣ мондааст. Муқовимат ба ин ҷиноят вазифаи муқаддаси ҳар якдавлат, ниҳодҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣва худи шаҳрвандон мебошад.

   Имрӯз дар баробари шиддат гирифтаниравандҳои ҷаҳонишавӣ, чун замони афзоишихатарҳои гуногуни умумибашарӣ, аз ҷумлагардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, савдоиодамон ва як қатор дигар ҷараёнҳоихалалдоркунандаи осоиштагӣ идома доранд. Дарин марҳила, гӯруҳҳое фаъоланд, ки тавассутишабакаҳои интернетӣ ва дигар воситаҳо имрӯз низидеяҳои ҷинояткоронаро бо роҳи фирефтасозӣ дарафкори мардум ҷой доданӣ мешаванд. Маҳз, дониши баланди сиёсӣ, маърифати ҳукуқӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва огоҳ будан аз равандҳоиҷаҳонӣ, ки дар маҷмуъ зиракии сиёсӣ мебахшад, метавонад хатари ба доми ҳар гуна идеяҳоиноматлуб афтоданро коҳиш диҳад.

Дар раванди имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, ки ҳама гунаандешаву идеология метавонад ба ҳаёти ҳар фардтаъсири манфӣ расонад, танҳо бо такя ба имконотуиқтидори давлат ва иродаи мустаҳками мардум, метавон пеши ҷараёнҳои номатлуб ва амалӣшудани нақшаҳои нопоки гурӯҳҳои ҷиноятпешарогирифт.

Масъалаҳои марбут ба савдои одамон даршароити имрӯза таҳти таваҷҷуҳи ҷиддии ҷомеаиҷаҳонӣ қарор дорад, зеро он ҳамчун зуҳуротиманфӣ ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи инсонӣзарари ҷуброннопазир мерасонад.

Савдои одамон дар миқёси байналмилалӣҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқуозодиҳои инсон эътироф шудааст, зеро идоракуниион дар ихтиёри гуруҳҳо ва ташкилотҳоимуташаккили ҷинояткор мебошад, ки бо сарфикамтарини меҳнат ва хатари камтари фош вамуҷиби ҷазо гардидан даромади калон ба дастмеоранд. Намуди мазкури ҷинояткорӣ ба созмондодани ташкилотҳои ҷиноятпешаи фаромиллӣ ваминтақавӣ мусоидат менамояд, ки онҳотаъминкунандаи содироти моли зинда буда, бо пораба худ тобеъ кардани мансабдорони сатҳи гуногун,ташаккул додани назорат аз болои туризм, ташкилибастани никоҳҳои сохта бо шаҳрвандони хориҷӣ ваҳар гуна тиҷорати байналмилалиро ба роҳмондаанд.

Мувофиқи маълумотҳои Департаментидавлатии ИМА ҳамасола зиёда аз 700 ҳиазор нафародамон мавриди хариду фурӯш қарор гирифта,тавассути сарҳадҳои давлатҳо интиқол додамешаванд.

Вазъи нокифояи муқовимат ба савдои одамондар арсаи байналмилалӣ, аз он ҷумла дар ҳудудидавлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил(минбаъд ИДМ) боиси он гардид, ки аз ҷонибиРаёсати Созмони Милали Муттаҳид (минбаъдСММ) оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ«Қонуни амсилавӣ оид ба мубориза ба муқобилисавдои одамон» ва 3 апрели соли 2008 аз ҷонибиАссамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узвиИДМ қонунҳои амсилавӣ «Оид ба муқовимат ба савдои одамон» ва «Оид ба расонидани кумак ба қурбониёни одамон» қабул гардиданд.

Аз рӯи баҳодиҳии созмони ғайриҳукуматии байналмилалии Anti-Slavery International дар ҷаҳонзиёда аз 27 миллион одамон ба таври воқеӣ, ғулом мебошанд, зеро вазъи онҳо ба се маҳаки асосӣсозгор аст:

Аввалан, фаъолияти инсон бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он таъмин карда мешавад;

Сониян, дар чунин ҳол қарор доштани одам вамашғул шудани ӯ ба ин намуди фаъолият хилофииродаи ӯ сурат мегирад.

Одам барои иҷрои кори худ музди камтаринмегирад ё умуман аз гирифтани музд маҳрум аст.

Маълумоти оморӣ ба таври дақиқ ба болоравиисавдои одамон дар бисёр кишварҳои ҷаҳон гувоҳӣмедиҳад. Агар дар давоми чор асри давраи ғуломдорӣ гардиши он аз 12 миллион зиёд нашудабошад, пас дар давоми 30 соли охир танҳо дар Осиёшумораи занону кӯдакон, ки ба асорати шаҳвонӣфурӯхта шудаанд, ба 30 миллион нафар расидааст.Қисми зиёди ин тиҷорати зиддиинсонӣ дар дасти ташкилотҳои ҷиноятӣ қарор дорад. Мувофиқиҳисоботи СММ ҳамасола беш аз 4 миллион нафародамон дар саросари ҷаҳон барои иҷрои корҳоимаҷбурӣ аз сарҳадоти кишварҳои дигар гузаронида шуда, ин фаъолият ба синдикатҳои ҷиноятпешасоле то 7 миллиард доллари америкоӣ даромадиғайриқонунӣ меорад.

Хусусияти ҳарчӣ бештар муташаккил вафаромиллӣ гардидани ҷинояти савдои одамонэътимод ва кӯшиши бетаъхири бо ҳаммувофиқашудаи давлатҳоро дар роҳи бартараф намудани чунин як зуҳуроти манфӣ тақозоменамояд. Чунин талабот сараввал ба давлатҳоиузви ИДМ дахл дорад. Мавҷуд будани сарҳадотиумумӣ, шабоҳати омилҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ,иҷтимоӣ-сиёсӣ, иҷтимоӣ-демографӣ,иҷтимоӣ-равонӣ, ахлоқӣ ва дигар омилҳоитавлидкунандаи савдои одамон ва ҷиноятҳои баон алоқаманд, шабеҳ будани вазъи тиҷоратиҷиноятӣ баҳри бастани аҳд бо моли зиндазарурияти кӯшишҳои якҷояи давлатҳои узвиИДМ-ро дар муқовимат ба савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд ба миён меорад.

Аз ин рӯ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи муқовимат ба савдои одамон варасонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон»(минбаъд Қонуни муқовимат ба савдои одамон)кӯшишест баҳри амалӣ намудани чунин зарурият.

Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқиимуқовимат ба савдои одамон, системаи чораҳооид ба ҳифз, расонидани кумак бо қурбониёнисавдои одамон ва тавонбахшии онҳоро муқарраркарда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар самтимуқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумакба қурбониёни савдои одамонро танзим менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои таъминнамудани амнияти шахсият, ҷамъият ва давлатроба роҳбарӣ гирифта, бо дарназардошти хусусиятифаромилӣ доштани савдои одамон дар ҳудуди худон шахсонеро, ки бо савдои одамон машғуланд, таъқиб менамояд.

Таъқиби ҷиноятӣ тибқи қонунгузорииҶумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла дар ҳолатҳое, ки савдои одамон ё давраҳои алоҳидаи он беруназ ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидабошад, аммо он бар зидди шаҳрвандониТоҷикистон ё манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонравона шуда бошад, инчунин дар ҳолатҳое, ки бомеъёрҳои санадҳои байналмилалие, ки онҳороҶумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ёмеъёрҳои қарордод ё созишномаҳои байнидавлатӣпешбинӣ намудаанд, амалӣ карда мешавад.

Савдои одамон, ҳамчун зуҳуроти номатлуб, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи амалиётҳоиҷангии солҳои 1992-1997 пайдо гардидааст. Маҳздар давраи амалиётҳои ҷангӣ барои одамон паҳнкардани савдои кӯдакон заминаи мусоид ба миёномада буд. Дар он давра гурруҳҳои ҷиноятӣташкил гардиданд, ки барои нашъаҷаллобӣ вахариду фурӯши занон машғул буданд. Вайронгардидани тартиботи ҳуқуқӣ ва ятимшавиикӯдакон дар натиҷаи амалиётҳои ҷангӣ сабабипаҳн гардидани парастории ғайриқонунӣ гардид. Дар ин росто ҳолатҳои савдои кӯдакон, махсусанкӯдакони навзод ва ширмак ба вуҷуд омада, бароимашғул шудан ба ин амали номатлуб сохторҳоташаккул ёфтанд. Дар солҳои 1994-1995 дарзамоне, ки бисёр ноҳияҳои ҶумҳурииТоҷикистонро ҳолатҳои гуруснагӣ фаро гирифтабуд, ҳодисаҳои савдои духтарон ва кӯдакон азҷониби падару модар ва хешовандони наздики онҳо пайдо шуданд. Дар ин давра дар ноҳияҳоиназдисарҳадӣ ҳодисаҳои ба таври оммавӣ башавҳар додани духтарони ноболиғ зуҳур карданд. Аз соли 1997 савдои занону кӯдакон, ки бо фиребалоқаманд буда, онҳо аз ҷониби савдогарониодамон амалӣ мешуд. Дар натиҷаи ҷалбкунииғайриқонунии савдогарони одамон қурбониёнисавдои одамон ихтиёран барои ба хориҷи кишварсафар намудан розӣ мешуданд ва он ҷо онҳомавриди истисмор қарор мегирифтанд.

Истисмор – ин истифодаи инсон ё меҳнативай барои гирифтани фоидаи моддӣ ё дигарфоида аз ҷониби дигар шахсон ба воситаиқасдан ба вуҷуд овардан ва ё истифода бурданиҳолати оҷизии инсон ва ё маҷбур кардани инсонбарои ба манфиати шахси истисморкунанда ёдигар шахсон иҷро кардани корҳо, хизматрасониҳо ё содир намудани дигар амалҳомебошад.

Савдои одамон ин ҷалб, интиқол, пинҳонкардан ё қабул намудани шахс бо мақсадиистисмор мебошад. Истисмор метавонад шаклҳои гуногун дошта бошад: истисморимеҳнатӣ, истисмори ҷинсӣ, маҷбур намудан баталбандагӣ, никоҳи маҷбурӣ, ҷалб ба фаъолиятиҷинояткорӣ ва фурӯши узвҳои инсон. Дарзамони муосир ин ҷиноят бештар шаклҳоипинҳонӣ ва рақамиро касб намуда, тавассутишабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет амалӣ кардамешавад.

Қурбониёни савдои одамон бештар занон, кӯдакон ва муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, зероонҳо дар ҳолати осебпазир қарор доранд. Багурӯҳҳои осебпазир инчунин гурезаҳо, шахсонибешаҳрвандӣ ва онҳое, ки ба таҳсилот дастрасӣнадоранд, дохил мешаванд.

Паст будани маърифати ҳуқуқӣ бисёре азшаҳрвандон намедонанд, ки чӣ гуна боядшартномаи меҳнатиро тафтиш кунанд, ҳуқуқҳоихудро ҳимоя намоянд ё дар ҳолати хатар ба куҷомуроҷиат кунанд. Рушди технология ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷинояткорон тавассутиинтернет эълонҳои бардурӯғ ҷойгир намуда, шаҳрвандонро ба доми худ мекашанд.

Ибтидо аз соли 2001 доманаи савдои одамон бо мақсади истисмори меҳнатӣ васеъ паҳнмешавад ва афзоиши чунин амалия аз соли 2002 ба назар мерасад.

Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ ва омӯзишӣпарвандаҳои ҷиноятӣ оид ба савдои одамон ваҷиноятҳои ба он алоқаманд нишон доданд, кичун қоида объекти савдои одамонро занон, ноболиғон ва кӯдакони навзод ташкилмедиҳанд. Инро Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон ба назар гирифта, ҷиҳати муборизаба муқобили савдои одамон иқдомҳоимушаххасеро пеш гирифт.

Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон КонвесияиСММ зидди ҷинояткории муташаккилифаромилӣ ва протоколҳои иловагии он, аз ҷумлаПротокол дар бораи пешгирӣ ва рафъи савдоиодамон, хусусан занону кӯдакон ва ҷазо бароион ва Протоколи зидди воридкунииғайриқонунии муҳоҷирон тавассути хушкӣ, баҳрва ҳаворо 15 декабри соли 2000 имзо ва 29 майисоли 2002 таҳти 645 тасдиқ намудааст.

Соли 2003 дар маҷлиси Комиссияи наздиҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид батаъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дарсоҳаи ҳуқуқи инсон гурӯҳи кориидоимоамалкунанда таъсис дода шуда, ҳайати онтасдиқ гардид. Дар натиҷаи фаъолияти ингурӯҳи корӣ ҷиҳти амалӣ намудани иқдомҳоинисбатан муҳиму аввалиндараҷа ва амалииҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтиворид намудани тағийру иловаҳои дахлдор ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон доирба муқаррар ва пурзӯр намудани ҷавобгарӣбарои содир кардани ҷиноятҳои бо савдоиодамон алоқаманд, тадбирҳо андешида шуданд.

Иқдоми дигари нисбатан муҳимуаввалиндараҷа ва амалии Ҳукумати мамлакатдар ин самт таҳия гардидани лоиҳаи ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2004 47 «Дар бораи мубориза ба муқобили харидуфурӯши одамон» буд. Лоиҳаи Қонуни мазкур бодастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ватибқи тартиби ташаббуси қонунгузорӣ бароибаррасӣ ба Маҷлиси намояндагони МаҷлисиОлии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд, ки баъдан қабул ва аз 15 июли сол 2004 мавридиамал қарор дода шуд. Қонуни номбурда асосҳоиҳуқуқӣ ва ташкилии низоми мубориза бамуқобили савдои одамон, вазъи ҳуқуқииҷабрдидагони савдои одамонро муайян намуда,аз муқаддима, 7 боб ва 24 модда иборат буд. Қонуни мазкур дар асоси муқаррароти Қонуниамсилавии давлатҳои узви ИДМ «Дар бораимуқовимат ба савдои одамон ва расониданикумак ба қурбониёни савдои одамон» аз 6декабри соли 1997 омода гардида буд (ҳолоҚонуни амсилавии мазкур дар таҳрири нав азсоли 2014 таҳти 1096 таҳия ва қабул шудааст).

Ҳамин тариқ, дар бораи батанзимдарорииҳуқуқии фаъолияти вобаста ба муқовимат басавдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонисоҳибистиқлол аз соли 2003 сухан гуфтанмумкин аст, зеро дар ҳамин давра ба Кодексиҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нави1301 («Хариду фурўши одамон») илова кардашуд.

Масъалаҳои марбут ба савдои одамон даршароити имрӯза таҳти таваҷҷуҳи ҷиддии ҷомеаиҷаҳонӣ қарор дорад, зеро он ҳамчун зуҳуротиманфӣ ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаиинсонӣ зарари ҷуброннопазир мерасонад.

Мо наметавонем тамоми ҷаҳонро наҷотдиҳем, вале ҳар яке аз мо метавонем як инсонро наҷот диҳем. Ва ин бешубҳа, қимати бештар азтамоми сарватҳои ин ҷаҳонро дорад.

Мубориза ба муқобили савдои одамон як кори мураккаб буда, ҳамкории ҳамаи сохторҳоидавлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳар якшаҳрвандро тақозо мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ ва сохториимустаҳкам барои ин мубориза фароҳам овардашудааст. Нақшаи миллии муқовимат ба савдоиодамон барои солҳои 2025-2027, ки бо дастуриПрезиденти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонтасдиқ гардидааст, самтҳои афзалиятнокифаъолиятро дар ин соҳа муайян намудааст.

Танҳо тавассути ҳамкории дастаҷамъона, баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа, такмили донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон ватаҳкими арзишҳои ахлоқӣ метавон ба инзуҳуроти номатлуб муқобилияти муассир нишондод. Ҳар яки мо метавонем дар ин мубориза саҳмгузор бошем.

 

Муовини сардори Маркази муқовимат

бо савдои одамон РМЗҶМ Вкд

Ҷумҳурии Тоҷикистон

полковники милитсия

Акрамзода Саидислом Саидикром

 

Поделиться в