РОЛЬ ЗАКОНОДАТЕЛЬСТВА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН В БОРЬБЕ С ТОРГОВЛЕЙ ЛЮДЬМИ

07 Июня 2026, Воскресенье

Савдои одамон яке аз зуҳуроти хавфноки ҷинояткории муосир ба ҳисоб рафта, ба ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, амнияти ҷомеа ва рушди устувори давлат таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамояд. Ин ҷиноят бо шаклҳои гуногуни истисмор, аз ҷумла меҳнати маҷбурӣ, истисмори ҷинсӣ, истифодаи ғайриқонунии меҳнати кӯдакон, хариду фурӯши инсон ва дигар амалҳои ғайриинсонӣ зоҳир мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муқовимат бо ин падида аҳаммияти махсус дода, дар ин самт заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ фароҳам овардааст. Қонунгузории миллӣ имрӯз яке аз воситаҳои асосии пешгирӣ, ошкорсозӣ ва бартараф намудани оқибатҳои савдои одамон ба ҳисоб меравад.
Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаккули низоми муосири ҳуқуқӣ шуруъ намуда, масъалаи ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян кард. Дар ин замина, муқовимат ба савдои одамон низ ба яке аз вазифаҳои муҳимми давлат табдил ёфт. Асоси ҳуқуқии мубориза бо ин падида пеш аз ҳама дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум ёфтааст, ки тибқи он шаъну шараф, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон арзиши олӣ эътироф гардида, ҳама гуна шаклҳои поймолсозии ҳуқуқҳои инсон манъ карда мешаванд.
Қадами муҳим дар ташаккули заминаи ҳуқуқии муқовимат ба савдои одамон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» мебошад. Қонуни мазкур мақсад дорад самаранокии низоми давлатии муқовимат ба савдои одамонро баланд бардошта, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии сиёсати давлатиро дар ин самт муайян намояд. Ҳамчунин қонун мақоми ҳуқуқии қурбониёни савдои одамон, шаклҳои ҳимоя ва дастгирии онҳоро муқаррар намуда, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дигар субъектҳои дахлдорро танзим мекунад.
Аҳаммияти муҳими қонунгузории Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки он на танҳо барои ҷазо додани гунаҳкорон, балки барои пешгирии ҷиноят ва ҳифзи қурбониён низ равона гардидааст. Қонун вазифаҳои мушаххасро оид ба огоҳсозии аҳолӣ, пешгирии ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон, муайян ва шиносоии қурбониён, расонидани кумакҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва тиббӣ, инчунин таъмини амнияти онҳо пешбинӣ менамояд.
Дар баробари қонуни махсус, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои мубориза бо савдои одамон аҳаммияти калон дорад. Дар он барои содир намудани ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон, ҷалби ғайриқонунии шахсон, истифодаи меҳнати маҷбурӣ ва дигар шаклҳои истисмори инсон ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар шудааст. Мавҷудияти чунин меъёрҳо имкон медиҳад, ки шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шуда, принсипи ногузирии ҷазо таъмин гардад.
Самти муҳимми дигар дар фаъолияти қонунгузорӣ муайян намудани ваколатҳои мақомоти давлатӣ мебошад. Қонун иштироки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти муҳоҷират, тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро дар муқовимат ба савдои одамон пешбинӣ намудааст. Ин ҳамоҳангсозӣ барои ошкор намудани ҳолатҳои савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониён аҳаммияти калон дорад.
Яке аз дастовардҳои муҳими қонунгузории миллӣ эътирофи ҳуқуқҳои қурбониёни савдои одамон мебошад. Қонун кафолат медиҳад, ки қурбониён новобаста аз шаҳрвандӣ, ҷинс, синну сол ё дигар ҳолатҳо аз ҳимояи давлатӣ бархӯрдор гарданд. Барои онҳо кумакҳои тиббӣ, равонӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ пешбинӣ гардида, чораҳои махсуси таъмини амнияти шахсӣ татбиқ мешаванд. Ин равиш ба стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон мутобиқ мебошад ва ба барқарорсозии ҳаёти муқаррарии қурбониён мусоидат мекунад.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ диққати махсус медиҳад. Азбаски савдои одамон аксаран хусусияти фаромиллӣ дорад, ҳамкорӣ бо давлатҳои дигар ва созмонҳои байналмилалӣ омили муҳимми мубориза бо ин ҷиноят мебошад. Қонун иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, мубодилаи иттилоот, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти салоҳиятдор ва татбиқи таҷрибаи пешқадами байналмилалиро пешбинӣ менамояд.
Дар солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такмили низоми муқовимат ба савдои одамон нақшаҳо ва барномаҳои миллӣ қабул намуда, фаъолияти Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамонро тақвият бахшидааст. Ин тадбирҳо барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ, омӯзиши мутахассисон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат менамоянд.
Бо вуҷуди пешрафтҳои назаррас, мубориза бо савдои одамон ҳамоно такмили доимии қонунгузорӣ ва амалияи татбиқи онро талаб мекунад. Равандҳои ҷаҳонишавӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди технологияҳои рақамӣ ва пайдоиши шаклҳои нави истисмори инсон зарурати таҳкими механизмҳои ҳуқуқиро ба миён меоранд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, такмили фаъолияти мақомоти ваколатдор ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ аҳаммияти аввалиндараҷа доранд.
Ҳамин тавр, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат ба савдои одамон нақши калидӣ ва муайянкунанда дорад. Он заминаи ҳуқуқии мубориза бо ин ҷинояти хавфнокро фароҳам оварда, ҳуқуқу манфиатҳои қурбониёнро ҳифз менамояд, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро ҳамоҳанг месозад ва барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии кишвар шароити мусоид муҳайё мекунад. Такмили минбаъдаи қонунгузорӣ ва татбиқи самараноки он метавонад ба коҳиш ёфтани ҳолатҳои савдои одамон ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидати бештар намояд.
Замира САМАДОВА, мудири кафедраи таърих ва ҷомеашиносии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Поделиться в